https://sputnik.tj/20210511/istiqlol-khonavoda-kumak-1039364881.html
Кумак ба 100 хонавода: иқдоми рамазонии "Истиқлол"
Кумак ба 100 хонавода: иқдоми рамазонии "Истиқлол"
Sputnik Тоҷикистон
Бошгоҳи футболи "Истиқлол" дар моҳи шарифи Рамазон ба даҳҳо хонавода кӯмаки моддӣ ироа кард 11.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-11T14:08+0500
2021-05-11T14:08+0500
2021-05-11T14:33+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
кӯмак
рамазон
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0b/1039363516_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_22a3083983cb3df1920865b4b4fe3e25.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. "Истиқолол" ба оилаҳои камбизоат кӯмак расонд, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳ."Дар арафаи Иди Рамазон роҳбарияти бошгоҳи футболи "Истиқлол" боз як иқдоми хайрия – кӯмак ба оилаҳои камбизоатро доир намуд", - менависад манбаъ.Гуфта мешавад, дар доираи барномаи хайрия, футболбозон ва кормандони бошгоҳи футболи "Истиқлол" -и Душанбе дар якҷоягӣ бо бунёди "Хубӣ кун" дар ҳошияи моҳи шарифи Рамазон чорабинии хайриявиро роҳандозӣ карданд.Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе яке аз дастаҳои номӣ ва тавонои Тоҷикистон буда соли 2007 ташкил шудааст.Ҳамчунин дар ҳайъати ин даста Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳангоми донишҷӯӣ бозидааст.Ёдрас мешавем, ном ва обрӯи дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистонро ду пирӯзии ахираш дар Лигаи Чемпионҳои Осиё бар дастаи Ал-Ҳилоли Арабистони Саудӣ ва дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб мустаҳкам кард.Шоми 24 апрел тими Тоҷикистон яке аз пурзӯртарин дастаҳои Осиё - "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудиро бар ҳисоби 4: 1 мағлуб кард."Истиқлол" дар бозии панҷумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2021 бошгоҳи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.Иқдоми рамазонии сокинони як деҳаи Суғд: аз 100 то 1,8 тон палави хайрия - аксБаъдан даста дар доираи Лигаи Осиё аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрд, аммо ба ҳар ҳол ба ҳаштякфинали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баромад.Дар 1/8 финали Лиги қаҳрамонҳои АFC-2021 "Истиқлол"-и Тоҷикистон бошгоҳи "Персеполис"-и Эрон, ки соли қабл то финали ин мусобиқот роҳ ёфта буд, рақобат мекунад..Интизор меравад, ин дидор 13 ё 14 сентябр дар Душанбе баргузор шавад.
https://sputnik.tj/20210501/istiqlol-qahramonhoi-osiyo-persepolis-eron-raqobat-1039198886.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0b/1039363516_28:0:1057:772_1920x0_80_0_0_c5a505a6e8babf16224058fdbfc3eab1.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, кӯмак, рамазон, футбол
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, кӯмак, рамазон, футбол
Кумак ба 100 хонавода: иқдоми рамазонии "Истиқлол"
14:08 11.05.2021 (Навсозишуда: 14:33 11.05.2021) Бошгоҳи футболи "Истиқлол" дар моҳи шарифи Рамазон ба даҳҳо хонавода кӯмаки моддӣ ироа кард
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. "Истиқолол" ба оилаҳои камбизоат кӯмак расонд, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳ.
"Дар арафаи Иди Рамазон роҳбарияти бошгоҳи футболи "Истиқлол" боз як иқдоми хайрия – кӯмак ба оилаҳои камбизоатро доир намуд", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, дар доираи барномаи хайрия, футболбозон ва кормандони бошгоҳи футболи "Истиқлол" -и Душанбе дар якҷоягӣ бо бунёди "Хубӣ кун" дар ҳошияи моҳи шарифи Рамазон чорабинии хайриявиро роҳандозӣ карданд.
Дар маҷмӯъ, ба сад оилаи камбизоати шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ маҷмӯи зарурии маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим карда шуд.
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе яке аз дастаҳои номӣ ва тавонои Тоҷикистон буда соли 2007 ташкил шудааст.
Ҳамчунин дар ҳайъати ин даста Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳангоми донишҷӯӣ бозидааст.
Ёдрас мешавем, ном ва обрӯи дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистонро ду пирӯзии ахираш дар Лигаи Чемпионҳои Осиё бар дастаи Ал-Ҳилоли Арабистони Саудӣ ва дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб мустаҳкам кард.
Шоми 24 апрел тими Тоҷикистон яке аз пурзӯртарин дастаҳои Осиё - "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудиро бар ҳисоби 4: 1 мағлуб кард.
"Истиқлол" дар бозии панҷумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2021 бошгоҳи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Баъдан даста дар доираи Лигаи Осиё аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрд, аммо ба ҳар ҳол ба ҳаштякфинали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баромад.
Дар 1/8 финали Лиги қаҳрамонҳои АFC-2021 "Истиқлол"-и Тоҷикистон бошгоҳи "Персеполис"-и Эрон, ки соли қабл то финали ин мусобиқот роҳ ёфта буд, рақобат мекунад.
.Интизор меравад, ин дидор 13 ё 14 сентябр дар Душанбе баргузор шавад.