https://sputnik.tj/20210511/halokati-noboligh-zeri-charhi-opel-astra-1039363935.html
Ҳалокати ноболиғ зери чархи "Опел-Астра" дар шаҳри Ваҳдат
Ҳалокати ноболиғ зери чархи "Опел-Астра" дар шаҳри Ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, сабаби ҳалоки ноболиғ ноуҳдабароии ронанда буд
2021-05-11T14:30+0500
2021-05-11T14:30+0500
2021-08-10T16:49+0500
дар тоҷикистон
вкд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/00/1022630093_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_89ed781e24fb218211cb7d60e68eabb4.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи маргборе хабар медиҳад, ки дар паи он як ноболиғ ҷон дод.Гуфта мешавад, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 10-уми май, тахминан соати 12:10 рух додааст.Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки боиси марги ноболиғ шуд, Ваҳобов Ваҳоб Файзалиевич, сокини 21-солаи ҷамоати деҳоти Б. Бурунови шаҳри Ваҳдат будааст.Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Солеҳон ба деҳаи Суфиёни шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Суфиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Бозоров Абдулло Зайдуллоевич, ноболиғи 8-соларо пахш намудааст.Падарбузург набераашро пахш кард: ҳалокати хурдсол зери чархи мошин"Дар натиҷа, ноболиғ Бозоров А.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадаатс дар хабарнома.Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Ронанда ба ақиб нигоҳ накард: Рустами 5-сола зери чархи мошин ҳалок шудБояд тазаккур дод, ки ин нахустин ҳолати ҳалокати ноболиғ зери чархи мошин набуда, чанде пеш низ ронандаи автомашинаи тамғаи "Хонда-Старекс" Мирзоев Иззатуллои 40 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғи 5-соларо пахш кард, ки дар нитиҷа кӯдак ба ҳалокат расид.
https://sputnik.tj/20210504/sadamai-halokati-azamjoni-moshini-shoymardon-1039260992.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/00/1022630093_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_acf48443fe3e23b5e387d4dddca4d8d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ҳалокат, ноболиғ, зери чархи мошин, ваҳдат
ҳалокат, ноболиғ, зери чархи мошин, ваҳдат
Ҳалокати ноболиғ зери чархи "Опел-Астра" дар шаҳри Ваҳдат
14:30 11.05.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, сабаби ҳалокати ноболиғ ноуҳдабароии ронанда аст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи маргборе хабар медиҳад, ки дар паи он як ноболиғ ҷон дод.
Гуфта мешавад, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 10-уми май, тахминан соати 12:10 рух додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки боиси марги ноболиғ шуд, Ваҳобов Ваҳоб Файзалиевич, сокини 21-солаи ҷамоати деҳоти Б. Бурунови шаҳри Ваҳдат будааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Солеҳон ба деҳаи Суфиёни шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Суфиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Бозоров Абдулло Зайдуллоевич, ноболиғи 8-соларо пахш намудааст.
"Дар натиҷа, ноболиғ Бозоров А.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадаатс дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки ин нахустин ҳолати ҳалокати ноболиғ зери чархи мошин набуда, чанде пеш низ ронандаи автомашинаи тамғаи "Хонда-Старекс" Мирзоев Иззатуллои 40 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғи 5-соларо пахш кард, ки дар нитиҷа кӯдак ба ҳалокат расид.