Ғарқшавии зан ва кӯдак дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз марги зани 44-сола ва писари 8-сола хабар доданд
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, зани миёнсол худро ба дарё андохта худкушӣ кардааст ва писарчаи 8-сола ғарқ шудааст.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Сангвор хабар дод, ки рӯзи 10-уми майи соли ҷорӣ як бонуи 44-сола, сокини деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳия ба қасди худкушӣ худро дар оби дарёи Хингоб андохтааст.
Манбаъ аз қавли хешовандонаш афзудааст, ки марҳум бемории рӯҳӣ доштааст, аммо сабаби аслии даст ба ин амал заданаш маълум нест.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2020
Марги ду нафар ва наҷоти як тан аз ғарқшавӣ дар обҳои Тоҷикистон
“Ҳайати шахсии бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳамроҳ бо сокинон дар пайи ҷустуҷӯ, ҷасадашро соати 11:50 дақиқа тахминан 4 километр поинтар аз маҳалли ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, - омадааст дар иттилоия.
КҲФ илова намуд, ки ҳамчунин рӯзи 10-ми майи соли равон писарбачаи 8-сола, сокини маҳаллаи Муғулони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодиса маълум нест.
Ба иттилои КҲФ корҳои ҷустуҷӯӣ дар рӯзи рух додани ҳодиса аз кӯчаи Сабзикори ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардида, феълан идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0