https://sputnik.tj/20210511/dastgohi-prezident-parlumon-maqomi-idizoda-1039369234.html
Аз дастгоҳи президент ба парлумон: мақоми нави Идизода
Аз дастгоҳи президент ба парлумон: мақоми нави Идизода
Sputnik Тоҷикистон
Аз Ҳизби ҳокими халқӣ – демократии Тоҷикистон вакили нав, Идизода Файзалӣ Фузайлшо вориди парлумон шуд
2021-05-11T15:43+0500
2021-05-11T15:43+0500
2021-05-11T15:48+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
маҷлиси намояндагон
вакил
тағйири ном
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0b/1039369118_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_227cfb798b6967a1b4c31fb4fac65649.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. КМИР Тоҷикистон ба Файзалӣ Идизода бар асоси рӯйхати пешниҳодшудаи номзадҳо аз ҳизби ҳокими ҲХДТ мандати вакилӣ дод. Бар асоси қарори КМИР, Идизода дар парлумон Абдураҳим Холиқзодаро иваз намуд, ки ба вазифаи мудири Маркази исломшиносӣ дар назди Президент таъйин шуд.Идизода Файзалӣ Фузайлшо то гузаштанаш ба парлумон ба ҳайси вакил дар вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекард. Ӯ дар феҳрасти номзадҳо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2020 пешниҳод гардида буд. Бар асоси ҳолнома Файзалӣ Идизода, 3 январи соли 1977 дар ноҳияи Рашт таваллуд шуда, узви ҲХДТ мебошад. “Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Русияро дар шаҳри Маскав бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст”, - омадааст дар иттилоия. Идизода фаъолияташро аз пулиси андозу додситонии ҳарбӣ оғоз намуда, баъдан дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгору ноиби декан кор кардааст. Ӯ инчунин дар мақоми ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият дошт.
https://sputnik.tj/20210508/vakolatho-vakil-holiqzoda-muhlat-qat-1039322499.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0b/1039369118_133:0:1669:1152_1920x0_80_0_0_2ee22d4a0cef155d2b0c0a2ec162ea4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳхдт, парлумон, вакил
Аз дастгоҳи президент ба парлумон: мақоми нави Идизода
15:43 11.05.2021 (Навсозишуда: 15:48 11.05.2021) Аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон вакили нав, Идизода Файзалӣ Фузайлшо вориди парлумон шуд
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. КМИР Тоҷикистон ба Файзалӣ Идизода бар асоси рӯйхати пешниҳодшудаи номзадҳо аз ҳизби ҳокими ҲХДТ мандати вакилӣ дод.
Бар асоси қарори КМИР, Идизода дар парлумон Абдураҳим Холиқзодаро иваз намуд, ки ба вазифаи мудири Маркази исломшиносӣ дар назди Президент таъйин шуд.
Идизода Файзалӣ Фузайлшо то гузаштанаш ба парлумон ба ҳайси вакил дар вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекард.
Ӯ дар феҳрасти номзадҳо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2020 пешниҳод гардида буд.
Бар асоси ҳолнома Файзалӣ Идизода, 3 январи соли 1977 дар ноҳияи Рашт таваллуд шуда, узви ҲХДТ мебошад.
“Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Русияро дар шаҳри Маскав бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Идизода фаъолияташро аз пулиси андозу додситонии ҳарбӣ оғоз намуда, баъдан дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгору ноиби декан кор кардааст. Ӯ инчунин дар мақоми ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият дошт.