9 асоси радди шаҳрвандии Русия барои хориҷиҳо: яке депорт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Русия гуфт хориҷиҳо дар кадом ҳолат наметавонанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, нӯҳ асос метавонад сабаби асосии надодани шаҳрвандии ин кишвар ба хориҷиҳо гардад.
"Дархости гирифтани шаҳрвандӣ ба хориҷиҳое рад мешавад, агар ҷонибдори тағйири маҷбурии асосҳои сохти конститутсионии Федератсияи Русия бошанд ё бо амалҳои дигар ба амнияти ин кишвар таҳдид мекунанд", - омадааст дар иттилои Вазорати умури дохилаи Русия.
Ғайр аз он, иштирок дар содир кардан ё омодагӣ ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ метавонад сабаби радди гирифтани шаҳрвандии Русия гардад.
Ҳамчунин, шаҳрвандӣ ба хориҷиҳое, ки аз Русия ихроҷ ва ё нисбати онҳо қарор дар бораи номатлуб будани будубошашон дар қаламрави ин кишвар гирифта шудааст, дода намешавад.
"Аризаҳое, ки дорои ҳуҷҷатҳои бардурӯғ ё маълумоти бардурӯғ мебошанд низ рад карда мешаванд", - гуфтанд дар ВКД.
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Пешсафии тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия: 64 ҳазор дар як сол
Дигар асосҳо барои рад кардани гирифтани шаҳрвандии Русия доштани доғи судӣ, хидмат дар мақомоти амниятӣ ва ё ҳифзи ҳуқуқи давлати хориҷӣ мебошад.
маҳкумияти озоднашуда ё барнагардидаи хориҷӣ, инчунин хидмати ҳарбӣ ё хидмат дар мақомоти амниятӣ ё ҳифзи ҳуқуқи давлати хориҷӣ мебошанд.
Таъқиби ҷазои ҷиноии хориҷиён, ки барои шаҳрвандии Русия муроҷиат мекунанд, низ метавонад сабаби баррасӣ нашудани ҳуҷҷатҳои онҳо гардад.
Қаблан Вазорати умури дохилаи Русия, кишварҳоеро ном бурд, ки дар гирифтани шаҳрвандии ин кишвар пешсафанд. Тоҷикистон низ миёни ин кишварҳо қарор гирифт.
Гуфта мешавад, танҳо дар як соли гузашта беш аз 63 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0