https://sputnik.tj/20210510/musobiqa-baynalmilali-ba-tahir-1039344087.html
Мусобиқаи машҳури байналмилалӣ ба таъхир афтод: чаро?
Мусобиқаи машҳури байналмилалӣ ба таъхир афтод: чаро?
Sputnik Тоҷикистон
5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки мебоист 10-19 сентябри имсол дар шаҳри Қуния Туркия баргузор мешуд, як сол ба таъхир афтод 10.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-10T09:49+0500
2021-05-10T09:49+0500
2021-08-10T17:01+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1d/1033093577_0:165:3055:1883_1920x0_80_0_0_90b8adb4bdff6bfe6792c3582960cb5b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Шӯрои иҷроияи Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал бо Кумитаи тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2021 бо роҳбарии вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ ҳамаи масъалаҳо дар робита ба тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва вазъияти феълии тандурустии ҷаҳон дар пасманзари пандемияи коронавирус баррасӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки вазъи тандурустии ҷаҳон мумкин аст барои иштироки бисёре аз кишварҳо, ки иммунизатсияи COVID-19 суст ҷараён дорад, монеа эҷод кунад.Бо сабаби он ки Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо ҷонибдори иштироки ҳамаи кишварҳои аъзо дар бозиҳо ҳастанд, тасмим гирифта шуд, ки 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2022 аз 9 то 18 август баргузор карда шавад.Ба барномаи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш: варзиши сабук; камонварӣ; бадминтон; баскетбол 3х3; бочче; велосипедронӣ; шамшербозӣ; футбол; гимнастика; ҳендбол; ҷудо; каратэ; кикбоксинг; шиноварӣ; тенниси рӯи миз; таеквондо (WT); волейбол; вазнбардорӣ; гуштини варзишӣ; камонварии анъанавӣ ворид гардидааст.
https://sputnik.tj/20210102/Behtarin-varzishgaroni-soli-2020-az-nigohi-mukhlisoni-somonai-Varzish-1032569768.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1d/1033093577_128:0:2859:2048_1920x0_80_0_0_778f596d495a78f485d7d8a800cc9ecb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, коронавирус
дар ҷаҳон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, коронавирус
Мусобиқаи машҳури байналмилалӣ ба таъхир афтод: чаро?
09:49 10.05.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки мебоист 10-19 сентябри имсол дар шаҳри Қуния Туркия баргузор мешуд, як сол ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Шӯрои иҷроияи Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал бо Кумитаи тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2021 бо роҳбарии вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамаи масъалаҳо дар робита ба тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва вазъияти феълии тандурустии ҷаҳон дар пасманзари пандемияи коронавирус баррасӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки вазъи тандурустии ҷаҳон мумкин аст барои иштироки бисёре аз кишварҳо, ки иммунизатсияи COVID-19 суст ҷараён дорад, монеа эҷод кунад.
Бо сабаби он ки Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо ҷонибдори иштироки ҳамаи кишварҳои аъзо дар бозиҳо ҳастанд, тасмим гирифта шуд, ки 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2022 аз 9 то 18 август баргузор карда шавад.
Дар аввал қарор буд, ки бозиҳо 20-29 августи соли 2021 доир мегардад. Вале баъд аз он ки моҳи марти соли 2020 Бозиҳои олимпӣ дар Токио ба соли 2021 гузаронида шуд, санаи баргузории Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қуния 10-19 сентябри соли 2021 муайян шуд.
Ба барномаи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш: варзиши сабук; камонварӣ; бадминтон; баскетбол 3х3; бочче; велосипедронӣ; шамшербозӣ; футбол; гимнастика; ҳендбол; ҷудо; каратэ; кикбоксинг; шиноварӣ; тенниси рӯи миз; таеквондо (WT); волейбол; вазнбардорӣ; гуштини варзишӣ; камонварии анъанавӣ ворид гардидааст.