Ихтироъ: аспиранти тоҷик ба як корхонаи Русия миллионҳо рубл фоида меорад
15:14 10.05.2021 (Навсозишуда: 18:39 10.05.2021)
© SputnikБахтиёр Қосимов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ
© Sputnik
Обуна шудан
Муҳаррики ҷадид бо дархости Корхонаи қубурсозии шаҳри Челябинск сохта шудааст
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бахтиёр Қосимов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ барои корхонаи қубурсозии шаҳри Челябински Русия муҳаррике ихтироъ намуд, ки барои корхона миллионҳо рубл фойида хоҳад овард.
Ин олими тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муҳаррики ҷадид бо дархости Корхонаи қубурсозии шаҳри Челябинск сохта шудааст.
“Тақрибан чаҳор соли пеш ин корхона ба Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дархост фиристод, ки барояш як муҳаррики ҷадид созанд. Муҳаррике, ки корхона барои истеҳсоли қубурҳои бепайванд истифода мебарад, на фақат куҳнаю фарсуда шудааст, балки мушкил ва зиёни зиёдеро ба бор меорад”, - гуфт Бахтиёр Қосимов.
Ба қавли ӯ, корхона аввал ба мутахассисони Олмон муроҷиат намуда, аз онҳо мехоҳад, ки як чунин муҳаррикеро сохта диҳанд, аммо маблағе, ки онҳо барои ин кор талаб кардаанд, хеле ҳангуфт ва пардохташ дар тавони корхона набудааст ва ночор ба Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (ДДУҶ) муроҷиат кардааст.
“Ин корро донишгоҳ ба ман супурд ва тайи чор сол бо иттифоқи ҳамкоронам як муҳаррики пилгериро сохта додем, ки мавриди қабули корхона шуд ва айни замон дар ихтиёри корхонаи муҳарриксозии "Русские электрические двигатели"-и шаҳри Челябинск қарор дорад”, - гуфт Бахтиёр Қосимов.
Ин муҳаррик харҷи истеҳсолотро бамаротиб коҳиш медиҳад. Масалан, фақат аз насбу васли статор ва ротори муҳаррики пилгерӣ корхона ҳудуди 2 миллион рублро сарфа мекунад. Ҳамчунин муҳаррик то имрӯз дар ҷаҳон истифода намешуд.
© SputnikБахтиёр Қосимов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ
Бахтиёр Қосимов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ
© Sputnik
Ихтироъкори тоҷик мегӯяд, муҳаррики ҷадид барои истеҳсоли қубурҳои бепайванд, ки дар дастгоҳҳои пилгерӣ истеҳсол ва дар соҳаи нафту газ истифода мешавад, пешбинӣ шудааст.
Вай афзуд, дар муқоиса бо муҳаррикҳои мавҷуд дар корхона, ин муҳаррик ғалтаки ангезишӣ надорад, аз ин хотир, талафоташ кам аст.
“Зариби кори фоиданокии муҳаррик баланд буда, барои насби он асбобу таҷҳизоти гаронбаҳо лозим нест. Масалан, ба ҷои ғалтаки ангезишӣ, ки ҳар се моҳ пас бояд таҷдид шавад, мо магнити доимӣ мондем, ки ба зудӣ хароб намешавад”, - гуфт Бахтиёр Қосимов.
© SputnikБахтиёр Қосимов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ
Бахтиёр Қосимов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ
© Sputnik
Дар корхона қаблан як муҳаррик барои ду сех кор мекард, ки дар ҳоли аз кор мондани як сех сехи дигарӣ ва дар умум корхона аз кор мемонд. Мо барои ду сех яктоӣ муҳаррик сохтем. Яке, ки аз кор монд, дигарӣ кор мекунад. Ин ҳама фоидаи иқтисодӣ дар пай дорад, ки ростӣ, ҳисобашро мутахассисони дигар мефаҳманд, афзуд вай.
Бахтиёр Қосимов соли 1992 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд шуда, мактаби миёни №1 – и ин шаҳр ва Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон (ДЭТ) – ро хатм кардааст.
Ин донишкада соли 2016 ӯро ҳамчун мутахассиси болаёқат барои таҳсил ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ фиристод.
Дар ин миён лоиҳаҳои аспирантони кафедраи “Асосҳои назарявии электротехникӣ” – И ДДУҶ Бахтиёр Қосимов ва ҳамкасбаш Дилшод Аминов, ба “Шорт-Саҳифа”- и лоиҳаҳои беҳтарин ворид шуда, сазовори ҷои аввал дар миёни иштирокчиёни озмун шудаанд, ки аз кишварҳои гуногуни олам намояндагӣ мекарданд.
Бахтиёр Қосимов ҳамчунин дорандаи ҷоизаи байналмилалии “Мавҷи тиллоӣ” ва ғолиби ҷоизаи байналмилалии VI – и озмуни “Энергетикаи хурд ва дастовардҳои бузург” аст, ки соли 2018 дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуда буд.
Ихтироъи муҳаррики пилгерӣ асоси рисолаи илмии ӯ шуд ва онро дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии шаҳри Екатеринбурги Русия дифоъ кард.