https://sputnik.tj/20210509/tarkish-dabiston-kobul-qurboniyon-duhtaron-1039336425.html
Таркиш дар дабистони духтаронаи Кобул 53 кушта барҷой гузошт: Ғанӣ толибонро гунаҳкор кард
Таркиш дар дабистони духтаронаи Кобул 53 кушта барҷой гузошт: Ғанӣ толибонро гунаҳкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Афғонистон Ашраф Ғанӣ масъулияти ин ҳамларо ба ҷангиёни толиб рабт дод
2021-05-09T15:26+0500
2021-05-09T15:26+0500
2021-05-09T15:32+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
афғонистон
таркиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039336752_0:0:640:360_1920x0_80_0_0_1d1dbc97408692fbbccf54c48dd7f147.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Таркиши мудҳиш дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобул мунҷар ба фавти 53 нафар ва захм бардоштани 150 тани дигар гардид, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати беҳдошти ин кишвар.Қаблан расонаҳои дохилӣ аз қурбон шудани 30 нафар хабар дода буданд.Хабаргузории Tolo News менависад, нахуст мошини ҳомили маводи тарканда дар назди дабистон мунфаҷир шуд ва зимнан ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт. Ба гуфтаи яке аз муаллимони ин боргоҳ, ҳамла дар ҳоле рух дод, ки хонандагон мактабро тарк мекарданд. Аксари қурбониён духтарон буданд.Дар ҳамин ҳол, кишвардори Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ҳамлаи даҳшатборро кори дасти гурӯҳи тундхоҳи Толибон хонд, вале худи ин ҷунбиш даст доштан дар ҳамларо қатъиян рад намуда, онро маҳкум кардааст.Зимнан, намояндагии ИА дар Афғонистон ин ҳамларо "амали номардонаи террористӣ" номид. Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳо ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз рӯзи 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳи вилояти Лоҳур дасти кам 30 нафар кушта шуданд.
https://sputnik.tj/20210505/obhezi-afghoniston-1039270249.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Взрывы в Кабуле: кадры с места трагедии
Sputnik Тоҷикистон
Взрывы в Кабуле: кадры с места трагедии
2021-05-09T15:26+0500
true
PT0M48S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039336752_139:0:619:360_1920x0_80_0_0_1e398822a078f997577957ababba5cdc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳамла, мактаб
афғонистон, ҳамла, мактаб
Таркиш дар дабистони духтаронаи Кобул 53 кушта барҷой гузошт: Ғанӣ толибонро гунаҳкор кард
15:26 09.05.2021 (Навсозишуда: 15:32 09.05.2021) Расонаҳои ин кишвар қаблан аз ҳалокати 30 нафар хабар дода буданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Таркиши мудҳиш дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобул мунҷар ба фавти 53 нафар ва захм бардоштани 150 тани дигар гардид, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Қаблан расонаҳои дохилӣ аз қурбон шудани 30 нафар хабар дода буданд.
Хабаргузории Tolo News менависад, нахуст мошини ҳомили маводи тарканда дар назди дабистон мунфаҷир шуд ва зимнан ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт.
Ба гуфтаи яке аз муаллимони ин боргоҳ, ҳамла дар ҳоле рух дод, ки хонандагон мактабро тарк мекарданд. Аксари қурбониён духтарон буданд.
Дар ҳамин ҳол, кишвардори Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ҳамлаи даҳшатборро кори дасти гурӯҳи тундхоҳи Толибон хонд, вале худи ин ҷунбиш даст доштан дар ҳамларо қатъиян рад намуда, онро маҳкум кардааст.
Зимнан, намояндагии ИА дар Афғонистон ин ҳамларо "амали номардонаи террористӣ" номид.
"Ҳадафи ҳамла қарор додани мактаби духтарона ин ҳамла ба ояндаи Афғонистон аст. Чун ҷавонон тасмим гирифтаанд, ки кишвари худро обод кунанд", - навиштааст намояндаи ИА дар Твиттер.
Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳо ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз рӯзи 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳи вилояти Лоҳур дасти кам 30 нафар кушта шуданд.