Рӯзи Пирӯзӣ, зодрӯзи Ғаффор Валаматзода ва Муҳаммадҷон Қосимов: рӯзи 9 май дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш, Мария ВишняковаДень 1 мая
День 1 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Обуна шудан
Рӯзи нуҳуми май аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гирифта мешавад. Аз ин ҷашни муборак тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн мегиранд

Рӯзи 9 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1754 аввалин расми ҳаҷвии (карикатураи) амрикоӣ нашр шуд
Соли 1917 Ҳукумати муваққатии Русия дар бораи пурра барҳам додани сензураи матбуот хабар дод.
День 4 мая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Ҳалокати ҳайати дастаи футболи "Торино" дар садамаи ҳавопаймо: рӯзи 4 май дар таърих
Соли 1956 Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба ҳайати Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ — НАТО) шомил шуд.

Рӯзи 9 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1975 дар шаҳри Душанбе боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ғалаба" ифтитоҳ гардид.
Соли 2009 ташкилотҳои бузурги чавонони Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Россия дар Конфронси таъсискунандаи Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Соли 2011 дар шаҳри Кавасакии Япония дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук гурзандози тоҷик, президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров мақоми сеюмро касб намуд.
День 3 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Зодрӯзи Муборакшо Ҷумъаев: рӯзи 3 май дар таърих
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd (Малайзия) Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
оли 2013 Федератсияи байналмилалии футбол раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми 112-умро ишғол кард.
Соли 2014 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 69-уми Ғалаба бар фашизм маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 май

Рӯзи Ғалаба.

Рӯзи 9 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1907 - Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС.
Соли 1910 - Мулло Эркаев, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои педагогии ИҶШС, профессор.
Соли 1916 - Ғаффор Валаматзода, балетмейстер, Артисти халқии ИҶШС, Лауреати Ҷоизаи давлатии ИҶШС, асосгузори ансамбли "Лола".
Соли 1920 - Турсун Улмасов, сароянда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1927 - Нӯъмон Розиқ, шоир.
Соли 1932 - Шавкат Шукуров. Доктори илмҳои филология, профессор таваллуд шудааст.
Соли1934 - Собир Султон, шоир.
Соли 1946 - Сабзалӣ Шарифов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0