https://sputnik.tj/20210509/poygoh-rusiya-tojikiston-ruz-zafar-tajlil-1039343190.html
Пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон Рӯзи Зафарро таҷлил кард
Пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон Рӯзи Зафарро таҷлил кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон корнамоиҳои собиқадорони дивизияи тирандозии 201-ум ба ёд оварда шуданд 09.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-09T21:00+0500
2021-05-09T21:00+0500
2021-05-09T21:00+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
пойгоҳи 201
чорабинӣ
рӯзи ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039337747_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a47e05c3ba1697bfe329ce51ead2971d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақаранд, 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ҷашн гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ. Фармондеҳи ин созмон полковник Сергей Горячёв ҳангоми чорабинии тантанавӣ ҳайати шахсиро бо 9 май табрик гуфт.Горячёв махсус корнамоиҳои собиқадорони дивизияи мототехникаи 201- ро зикр намуд. "Бигзор эҳтироми амиқ ба ҳама муҳофизони қаҳрамони Ватан дар дили одамон зинда бошад, ки фидокориҳои онҳо беҳуда нестанд", - афзуд ӯ. Зимнан, хизматчиёни ҳарбӣ дар назди маҷмааи ёдгории Шӯҳрат ба Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия дар пойгоҳи низомии 201 гул гузоштанд.Дар ҷараёни маросим ҳамчунин дақиқаи сукут низ эълом шуд. Дар хотима Горячев ҳарбиёни шоистаро бо медалҳои идоравӣ, тӯҳфаҳои арзанда ва сипосномаҳо сарфароз гардонд. Ғайр аз ин, хизматчиёни ҳарбии 201-уми Русия барои аксияи "Девори хотира" тақрибан 3000 акс ҷамъ оварданд. Аксҳои ҷамъоваришуда бо маълумоти мухтасар дар бораи сарбозони фронтӣ дар рӯйи биноҳои минтақаҳои истиқоматии шаҳрҳои ҳарбии Душанбе ва Бохтар овехта шуданд.
https://sputnik.tj/20210509/hangi-jovidon-2021-pahsh-mustaqim-1039341549.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039337747_230:0:2961:2048_1920x0_80_0_0_5b8c0abca6221b4e032d79f72b76a89d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, пойгоҳи 201, чорабинӣ, рӯзи ғалаба
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, пойгоҳи 201, чорабинӣ, рӯзи ғалаба
Пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон Рӯзи Зафарро таҷлил кард
Дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон корнамоиҳои собиқадорони дивизияи тирандозии 201-ум ба ёд оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақаранд, 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ҷашн гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ.
Фармондеҳи ин созмон полковник Сергей Горячёв ҳангоми чорабинии тантанавӣ ҳайати шахсиро бо 9 май табрик гуфт.
"Дар мубориза бо истилогарони фашистӣ сарбозони Артиши Сурх, коргарони фронт ва партизанҳо қаҳрамонии бениҳоят фидокорона нишон доданд. Имрӯз мо аз шуҷоати падарон, бобоҳо, бобокалонҳоямонро, ки шаъну шараф ва истиқлолиятро ҳифз кардаанд, ифтихор мекунем", - қайд намуд Горячёв.
Горячёв махсус корнамоиҳои собиқадорони дивизияи мототехникаи 201- ро зикр намуд.
"Бигзор эҳтироми амиқ ба ҳама муҳофизони қаҳрамони Ватан дар дили одамон зинда бошад, ки фидокориҳои онҳо беҳуда нестанд", - афзуд ӯ.
Зимнан, хизматчиёни ҳарбӣ дар назди маҷмааи ёдгории Шӯҳрат ба Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия дар пойгоҳи низомии 201 гул гузоштанд.
Дар ҷараёни маросим ҳамчунин дақиқаи сукут низ эълом шуд. Дар хотима Горячев ҳарбиёни шоистаро бо медалҳои идоравӣ, тӯҳфаҳои арзанда ва сипосномаҳо сарфароз гардонд.
Ғайр аз ин, хизматчиёни ҳарбии 201-уми Русия барои аксияи "Девори хотира" тақрибан 3000 акс ҷамъ оварданд.
Аксҳои ҷамъоваришуда бо маълумоти мухтасар дар бораи сарбозони фронтӣ дар рӯйи биноҳои минтақаҳои истиқоматии шаҳрҳои ҳарбии Душанбе ва Бохтар овехта шуданд.