https://sputnik.tj/20210509/parvoz-farishtaho-osmon-tojikiston-haqiqat-durugh-navor-1039335313.html
Парвози "фариштаҳо" дар осмони Тоҷикистон: ҳақиқат ё дурӯғ - навор
Парвози "фариштаҳо" дар осмони Тоҷикистон: ҳақиқат ё дурӯғ - навор
Sputnik Тоҷикистон
Навори парвози "фариштаҳо" дар осмон корбаронро ба ду гурӯҳ тақсим кард. Яке ба ин падида бовар дошта, дигаре онро ба зудбоварӣ ва хурофот рабт доданд 09.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-09T15:00+0500
2021-05-09T15:00+0500
2021-05-09T15:37+0500
видео
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032805761_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7600aa818d4f83223a995081350236e7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 9 май наворе чарх мезанад, ки дар он гӯё парвози фариштаҳо дар осмон сабт шудааст.Ин наворро ҳарчанд корбари тоҷик сабту нашр намудааст, вале маълум нест, ки ин ҳодиса оё дар Тоҷикистон ва ё дигар минтақа сар задааст.Навор шомгоҳ дар ҳоле сабт шудааст, ки дар масофаи хеле дур, дар осмон пораҳое рахшон ҳаракат доштаанд.Корбар бо сабт кардани ин ҳолат калимаи шаҳодатро ба забон оварда, иддао мекунад, ки " нигоҳ кунед, бародарон, дар ин моҳи шарифи Рамазон фариштаҳо дар осмон чарх мезананд. Нигоҳ кунед, чӣ қадар бисёранд! Афсӯс, ки камакак дуранд, афсӯс. Вале нигоҳ кунед, ки чӣ хел бозӣ доранд!"Зимнан, бархе аз корбарон ин падидаро "Мӯъҷизаи илоҳӣ" арзёбӣ намуда, бархеи дигар онро танҳо зудбоварӣ ва хурофотпарастӣ мепиндоранд.Илова бар ин, ситорашиносон мегӯянд, ки ин як падидаи маъмулӣ аст, аниқтараш фурӯ рехтани шиҳоб ва дигар ҷирмҳои осмонӣ мебошад.Бояд гуфт, ки қаблан низ дар гӯшаҳои гуногуни дунё чунин аксу наворҳо ба интернет рахна мешуданд ва ингуна наворҳо маҳсули дасткории муаллифон аст, ки ба хотири ҳар чӣ бештар пайдо кардани тамошобину шӯҳрат эҷоб мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032805761_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_214f753eb462d75e25d03fb3293e90d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
видео, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Парвози "фариштаҳо" дар осмони Тоҷикистон: ҳақиқат ё дурӯғ - навор
15:00 09.05.2021 (Навсозишуда: 15:37 09.05.2021) Навори парвози "фариштаҳо" дар осмон корбаронро ба ду гурӯҳ тақсим кард. Яке ба ин падида бовар дошта, дигаре онро ба зудбоварӣ ва хурофот рабт доданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 9 май наворе чарх мезанад, ки дар он гӯё парвози фариштаҳо дар осмон сабт шудааст.
Ин наворро ҳарчанд корбари тоҷик сабту нашр намудааст, вале маълум нест, ки ин ҳодиса оё дар Тоҷикистон ва ё дигар минтақа сар задааст.
Навор шомгоҳ дар ҳоле сабт шудааст, ки дар масофаи хеле дур, дар осмон пораҳое рахшон ҳаракат доштаанд.
Корбар бо сабт кардани ин ҳолат калимаи шаҳодатро ба забон оварда, иддао мекунад, ки " нигоҳ кунед, бародарон, дар ин моҳи шарифи Рамазон фариштаҳо дар осмон чарх мезананд. Нигоҳ кунед, чӣ қадар бисёранд! Афсӯс, ки камакак дуранд, афсӯс. Вале нигоҳ кунед, ки чӣ хел бозӣ доранд!"
Зимнан, бархе аз корбарон ин падидаро "Мӯъҷизаи илоҳӣ" арзёбӣ намуда, бархеи дигар онро танҳо зудбоварӣ ва хурофотпарастӣ мепиндоранд.
Илова бар ин, ситорашиносон мегӯянд, ки ин як падидаи маъмулӣ аст, аниқтараш фурӯ рехтани шиҳоб ва дигар ҷирмҳои осмонӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки қаблан низ дар гӯшаҳои гуногуни дунё чунин аксу наворҳо ба интернет рахна мешуданд ва ингуна наворҳо маҳсули дасткории муаллифон аст, ки ба хотири ҳар чӣ бештар пайдо кардани тамошобину шӯҳрат эҷоб мекунанд.