Дар Бадахшон аз номи Раҳимзода ба милисаҳо медалу мукофоти пулӣ тақдим шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Обуна шудан
Дар Бадахшон бахшида ба 76 - умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба чанд корманди милиса медалу мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанд нафар аз кормандони милиса барои хизмати софдилонаю содиқона бо медалҳои ҷашнӣ ва ҳамчунин мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ветеран с детьми перед началом военного парада в ознаменование 70-летия Победы в Великой Отечественной войне 1941-1945 годов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
"Афсона" – ҳои ғарбӣ: чаро Ғалабаи Бузургро наметавон аз мардуми Шӯравӣ рабуд?
Бар хабари котиботи ВУД Тоҷикистон, медалу мукофотҳои пулӣ ба милисаҳои ин вилоят аз номи генерал - полковник Раҳимзода Рамазон супорида шудааст.
Дар чорабинии ҷашнӣ қайд карда шуд, ки дар ин ҷанги мудҳиш зиёда аз 40 миллион одам ба ҳалокат расид, ки 27 миллионашон шаҳрвандони Иттифоқи Шӯравӣ будаанд.
Зимнан, таъкид гардид, ки танҳо аз ВМКБ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 2,5 ҳазор ширкат доштанд, ки аз нисф бештари онҳо дар набардҳои ҷанг ҷони худро аз даст доданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Русия гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар фашизм анҷом ёфт ва кишвардори Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ ба Маскав даъват шуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин озими Майдони Сурх шуд ва пас аз анҷоми гузашти низомӣ назди пояи оромгоҳи Сарбози Номаълум гулчанбар гузоштанд.
Лентаи хабарҳо
0