Ёдгориҳои Ғалаба дар Душанбе

Обуна шудан
Тоҷикистон дар Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ саҳми бузург гузошт.
Ин ҷумҳурии он замон 1,5 миллион нафарӣ наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба фронт фиристод, ки наздик ба 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд.
Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон доданд. Аз ҷумла дар он замонҳои мушкил ба фронт 650 ҳазор тонна ғалладона, 178 ҳазор тонна нахи пахта, ҳазорҳо мошин фиристод ва ба Хазинаи мудофиа ва силоҳсозӣ зиёда аз 1 миллиард рубли шӯравиро интиқол дод.
Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор нафар мукофоти гуногун гирифта, зиёда аз 60 тоҷикистонӣ соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд. Ёдгориҳои қаҳрамониҳои он замон ва шаҳидони роҳи дифоъ аз Ватан имрӯз низ дар саросари Тоҷикистон зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0