Қурб тағйир ёфт: Тоҷикистон хароҷот барои пардохти қарзи берунаро зиёд кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкЗнак процента, архивное фото
Знак процента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонуни буҷа, хароҷот барои пардохти қарзҳои беруна ва ҳаққи аъзогӣ дар созмонҳои хориҷиро зиёд намуд
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон зиёд намудани ҳаҷми хароҷоти буҷа барои уҳдадориҳои молиявии берунаро пешниҳод кард, ки қабул гардид.
Қаҳҳорзода аз ҷумла пешниҳод намуд, ки хароҷоти соли равон барои нигаҳдории намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ ва пардохти ҳаққи аъзогӣ дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ ва хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ дар ҳаҷми 68,3 миллион сомонӣ зиёд карда шавад.
Ӯ далели ин пешниҳодро тағйир ёфтани қурби миёнасолонаи пули миллии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат аз буҷа маблағи бештар ҷудо кард
Ин дар ҳолест, ки қаблан иттилоъ дода шуд, дар буҷаи соли 2021 1 миллиард сомонӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 861,1 миллион сомонӣ барои пардохти фоизҳои он пешбинӣ шудааст.
Дар буҷет инчунин пешбинӣ шуда буд, ки барои фаъолияти сиёсати беруна дар маҷмӯъ 294,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Вазири молия шарҳ дода буд, ки аз ин маблағ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа 194,8 миллион сомонӣ харҷ хоҳад шуд.
Дар мавриди пардохти ҳаққи узвияти Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилаллӣ, Файзиддин Қаҳҳорзода илова намуда буд, ки пардохти аъзоҳаққии кишвар дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ 100 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0