https://sputnik.tj/20210508/dav-milli-kushtii-jumhuriyavi-tojikiston-1039319100.html
Дави миллӣ ва куштии ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон
Дави миллӣ ва куштии ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 16 май дар кишвар дави миллӣ ва сабқати ҷумҳуриявӣ дар намуди куштии миллӣ баргузор мешавад
2021-05-08T11:13+0500
2021-05-08T11:13+0500
2021-05-08T11:21+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дави миллӣ
куштӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/81/1029908161_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_ef6a2e01adef26b83c4817609efaa859.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор мешавад. Ба итилои Кумита, имсол дар шаҳри Душанбе дави миллӣ 16 май соати 8:00 баргузор мегардад.“Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз шуда, иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд”, - омадаст дар иттилоияи Кумитаи ҷавонону варзиш, ки “Ховар” нашр кардааст. Таъкид шудааст, ки мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад. Дави миллӣ ҳамасола дар Тоҷикистон бо фармони раисиҷумҳур аз 28 марти соли 2007 доир карда мешавад.Соли равон дар баробари дав инчунин мусобиқаи ҷумҳуриявии куштии миллӣ дар назар аст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки мусобиқаи умумиҷумҳуриявии куштии миллӣ бо иқдом ва дастгирии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, 16-уми майи соли 2021, соати 09:00, дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон баргузор мегардад.Дар эълон аз хоҳишмандон ва варзишгарон даъват карда шудааст, ки дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд.
https://sputnik.tj/20200401/pahlavonon-Tojikiston-dar-Khovaling-zurozmoi-mekunand-1030990080.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/81/1029908161_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2500166862ffbf96db7d2bf5c78aa14f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
куштӣ, дави миллӣ, варзиш
куштӣ, дави миллӣ, варзиш
Дави миллӣ ва куштии ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон
11:13 08.05.2021 (Навсозишуда: 11:21 08.05.2021) Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 16 май дар кишвар дави миллӣ ва сабқати ҷумҳуриявӣ дар намуди куштии миллӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор мешавад.
Ба итилои Кумита, имсол дар шаҳри Душанбе дави миллӣ 16 май соати 8:00 баргузор мегардад.
“Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз шуда, иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд”, - омадаст дар иттилоияи Кумитаи ҷавонону варзиш, ки “Ховар” нашр кардааст.
Таъкид шудааст, ки мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад.
Дави миллӣ ҳамасола дар Тоҷикистон бо фармони раисиҷумҳур аз 28 марти соли 2007 доир карда мешавад.
Соли равон дар баробари дав инчунин мусобиқаи ҷумҳуриявии куштии миллӣ дар назар аст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки мусобиқаи умумиҷумҳуриявии куштии миллӣ бо иқдом ва дастгирии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, 16-уми майи соли 2021, соати 09:00, дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Дар эълон аз хоҳишмандон ва варзишгарон даъват карда шудааст, ки дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд.