https://sputnik.tj/20210508/darguzasht-jabrdida-tarkish-nfs-dushanbe-video-1039320189.html
Даргузашти яке аз ҷабрдидаҳои таркиши НФС дар Душанбе - видео
Даргузашти яке аз ҷабрдидаҳои таркиши НФС дар Душанбе - видео
Sputnik Тоҷикистон
Алексей Рязантсев, мутаваллиди соли 2000, масъули нуқтаи сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе, ки оташ гирифту таркид, дар беморхона ҷон додааст
2021-05-08T12:29+0500
2021-05-08T12:29+0500
2021-08-10T16:49+0500
дар тоҷикистон
ҷароҳат
нфс
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039222734_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_490ad96600a6f0d62c236b04ce59ef87.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Рязантсов яке аз ду нафар, ки ҳолашон бар асари сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ вазнин арзёбӣ мегардид, ҷон додааст. Ин ҷавони 21 – сола, яке аз ҷабрдидагони сӯхтори НФС дар ноҳияи Сино, ки беш 75% - и баданаш сӯхта буд, хабар додаст шабакаи телеграми Sputnik Тоҷикистон. Қаблан КҲФ хабар дод, ки бар асари сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки 1 май рух дод, 29 нафар осеб диданд.“22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд. 4 нафар ҷарроҳӣ шуда, вазъи 2 нафарро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд”, - омада буд дар иттилоияи КҲФ. Гуфта мешавад, 3 нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дошта, аз рӯи ин ҳодиса барои риоя накардани техникаи бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ёдрас мешавем, ки соати тахминан 18:30 шоми 1 май дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан таркиш ба амал омад. КҲФ хабар медиҳад, ки барои бартараф кардани ҳодиса 31 дастаи Хадамоти оатшнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, танҳо соати 22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
https://sputnik.tj/20210501/lahza-tarkish-shadid-dushanbe-video-1039217600.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039222734_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_b36ebe38569a5003089e3eb1a6208b44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркиш, даргузашт, сӯзишворӣ, ҳалокат
таркиш, даргузашт, сӯзишворӣ, ҳалокат
Даргузашти яке аз ҷабрдидаҳои таркиши НФС дар Душанбе - видео
12:29 08.05.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Алексей Рязантсев, мутаваллиди соли 2000, масъули нуқтаи сӯзишвории оташгирифта дар шаҳри Душанбе, бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ҷон додааст
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Рязантсов яке аз ду нафар, ки ҳолашон бар асари сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ вазнин арзёбӣ мегардид, ҷон додааст.
Ин ҷавони 21 – сола, яке аз ҷабрдидагони сӯхтори НФС дар ноҳияи Сино, ки беш 75% - и баданаш сӯхта буд, хабар додаст
шабакаи телеграми Sputnik Тоҷикистон.
Қаблан КҲФ хабар дод, ки бар асари сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки 1 май рух дод, 29 нафар осеб диданд.
“22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд. 4 нафар ҷарроҳӣ шуда, вазъи 2 нафарро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд”, - омада буд дар иттилоияи КҲФ.
Гуфта мешавад, 3 нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дошта, аз рӯи ин ҳодиса барои риоя накардани техникаи бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Ёдрас мешавем, ки соати тахминан 18:30 шоми 1 май дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан таркиш ба амал омад. КҲФ хабар медиҳад, ки барои бартараф кардани ҳодиса 31 дастаи Хадамоти оатшнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, танҳо соати 22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.