https://sputnik.tj/20210507/tamoshoi-osorhona-tojikiston-roygon-1039305425.html
Тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои як рӯз ройгон мешавад
Тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои як рӯз ройгон мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Санаи 18 майи соли 2021 Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори ҳаштум чорабинии байналмилалии “Шабе дар осорхона” - ро мегузаронад. Ин чорабинӣ бон номи “Шабе дар осорхона” дар 120 кишвари олам ва 30 ҳазор осорхона ҳамасола баргузор мешавад
2021-05-07T10:35+0500
2021-05-07T10:35+0500
2021-05-07T10:35+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
боздид
тамошо
осорхона
ройгон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102234/74/1022347465_0:0:1260:708_1920x0_80_0_0_9e688a5202182045179848b568791ee5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Дар доираи эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ” ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 18 майи соли 2021 Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори ҳаштум чорабинии байналмилалии “Шабе дар осорхона” - ро мегузаронад.Чорабинӣ фарогири сӣ маҳфили рангоранги фарҳангӣ буда, иштироки тамошогарон дар ҳамаи онҳо ройгон аст. Сарпарасти кулли чорабинӣ Осорхонаи миллӣ, ширкатҳои “Сиёма” ва “МегаФон Тоҷикистон” мебошанд.Бояд гуфт, ки барномаи фарҳангию фароғатии "Шабе дар осорхона" яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, он бори аввал дар Тоҷикистон пас аз ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 доир шуда буд.Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилали осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
https://sputnik.tj/20190427/Bi-meravem-bozdid-roygon-az-osorkhonai-millii-Tojikiston-1028783423.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102234/74/1022347465_0:0:944:708_1920x0_80_0_0_1f756296baaa435bac43c50950907a01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фарҳанг, ройгон, тамошо, осорхона
тоҷикистон, фарҳанг, ройгон, тамошо, осорхона
Тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои як рӯз ройгон мешавад
Санаи 18 майи соли 2021 Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори ҳаштум чорабинии байналмилалии “Шабе дар осорхона” - ро мегузаронад. Ин чорабинӣ бон номи “Шабе дар осорхона” дар 120 кишвари олам ва 30 ҳазор осорхона ҳамасола баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Дар доираи эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ” ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 18 майи соли 2021 Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори ҳаштум чорабинии байналмилалии “Шабе дар осорхона” - ро мегузаронад.
Чорабинӣ фарогири сӣ маҳфили рангоранги фарҳангӣ буда, иштироки тамошогарон дар ҳамаи онҳо ройгон аст.
Сарпарасти кулли чорабинӣ Осорхонаи миллӣ, ширкатҳои “Сиёма” ва “МегаФон Тоҷикистон” мебошанд.
Бояд гуфт, ки барномаи фарҳангию фароғатии "Шабе дар осорхона" яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, он бори аввал дар Тоҷикистон пас аз ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 доир шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилали осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.