https://sputnik.tj/20210507/oghozi-bunyodi-zeristgohi-barqi-moi-kulob-1039308755.html
Мақомот аз оғози бунёди зеристгоҳи барқӣ дар МОИ “Кӯлоб” эълон кард
Мақомот аз оғози бунёди зеристгоҳи барқӣ дар МОИ “Кӯлоб” эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” зеристгоҳи барқии нав бо насби 2 трансформатор ба истифода дода мешавад
2021-05-07T13:15+0500
2021-05-07T13:15+0500
2021-07-13T12:21+0500
иқтисод
барқ
кӯлоб
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102989/27/1029892797_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_fc0b12056a17f50358778ea1a7a3172a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Қайд карда шудааст, ки бунёди зеристгоҳи барқӣ метавонад барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таъмини субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) “Кӯлоб” ва дигар истифодабарандагон бо неруи барқ заминаи устувор гузорад.Тибқи дафтари матбуоти МОИ “Кӯлоб” дар доираи нақшаи генералӣ барои бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурият як гектар замин ҷудо гардидааст.Гуфта шудааст, ки ин тадбир дар доираи татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ва таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” амалӣ гардонида мешавад.Ҳамзамон зикр шудааст, ки вобаста ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб” Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз ҳудуди минтақаи мазкур боздид намуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” оид ба корҳои анҷомёфта дар самти иҷрои корҳои сохтмонӣ, нақшаҳои дар пеш истода ва ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ вобаста ба ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ иттилои мушаххас пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки зимни боздиди сармоягузорону соҳибкорон ва вохӯриҳо масъалаи таъминот бо неруи барқ ҳамчун масъалаи мубрам матраҳ мегардад.Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни боздид иброз доштааст, ки айни замон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбута ва шарикони рушд лоиҳаи “Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар” ба маблағи умумии 35 миллион евро ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он бунёди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ бо насби 2 адад трансформатори тавоноияшон 2х25000 кВА пешбинӣ гардидааст, ки ин иншоот солҳои 2021-2022 ба истифода мешавад.Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдори соҳа дастур дод, ки барои зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тадбирҳои иловагии таъхирнопазир андешанд.
https://sputnik.tj/20201006/Tahdidi-obkhezi-Rahmon-va-parlumoni-joi-Kulob-ro-ivaz-kardand-1032033541.html
https://sputnik.tj/20210415/danghara-4-korhonai-navi-istehsoli-1038475746.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102989/27/1029892797_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_5fa0275b3c987e3068db979bd9506654.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, зеристгоҳ, мои кӯлоб, барқ
тоҷикистон, зеристгоҳ, мои кӯлоб, барқ
Мақомот аз оғози бунёди зеристгоҳи барқӣ дар МОИ “Кӯлоб” эълон кард
13:15 07.05.2021 (Навсозишуда: 12:21 13.07.2021) Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” зеристгоҳи барқии нав бо насби 2 трансформатор ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Қайд карда шудааст, ки бунёди зеристгоҳи барқӣ метавонад барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таъмини субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) “Кӯлоб” ва дигар истифодабарандагон бо неруи барқ заминаи устувор гузорад.
Тибқи дафтари матбуоти МОИ “Кӯлоб” дар доираи нақшаи генералӣ барои бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурият як гектар замин ҷудо гардидааст.
Гуфта шудааст, ки ин тадбир дар доираи татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ва таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” амалӣ гардонида мешавад.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки вобаста ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб” Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз ҳудуди минтақаи мазкур боздид намуд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” оид ба корҳои анҷомёфта дар самти иҷрои корҳои сохтмонӣ, нақшаҳои дар пеш истода ва ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ вобаста ба ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ иттилои мушаххас пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки зимни боздиди сармоягузорону соҳибкорон ва вохӯриҳо масъалаи таъминот бо неруи барқ ҳамчун масъалаи мубрам матраҳ мегардад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни боздид иброз доштааст, ки айни замон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбута ва шарикони рушд лоиҳаи “Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар” ба маблағи умумии 35 миллион евро ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он бунёди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ бо насби 2 адад трансформатори тавоноияшон 2х25000 кВА пешбинӣ гардидааст, ки ин иншоот солҳои 2021-2022 ба истифода мешавад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдори соҳа дастур дод, ки барои зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тадбирҳои иловагии таъхирнопазир андешанд.