https://sputnik.tj/20210507/istiqbol-smm-tavofuq-tojikistonu-qirghiziston-otashbas-1039314321.html
Истиқболи ҳамоҳангсози кишварии СММ аз тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба оташбас
Истиқболи ҳамоҳангсози кишварии СММ аз тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба оташбас
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд
2021-05-07T19:20+0500
2021-05-07T19:20+0500
2021-05-07T19:20+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
оташбас
қирғизистон
смм
тавофуқ
истиқбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102525/49/1025254971_0:220:2500:1626_1920x0_80_0_0_d151e67c75e0ba8182cfd9b93299aad5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати хориҷа хабар додааст, ки имрӯз, вохӯрии Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид.Гуфта шудааст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазорати умури хориҷа зикр кардааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ба Ҳамоҳангсози кишварии СММ пурра иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла идомаи гуфтушунидҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот дод. Қайд шудааст, ки Сезин Синаноғлу аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ дар қитъаҳои наздисарҳадӣ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон истиқбол намуд. Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва муассисаҳои тахассусии СММ-ро баррасӣ карданд.
https://sputnik.tj/20210507/itiqboli-saha-otashbas-marz-tojikistonu-qirghiziston-1039312532.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102525/49/1025254971_205:0:2429:1668_1920x0_80_0_0_2da879bfaf4b2eafd7d60d4ca0dade1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, смм, истиқбол, отшабас, қирғизистон
тоҷикистон, смм, истиқбол, отшабас, қирғизистон
Истиқболи ҳамоҳангсози кишварии СММ аз тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба оташбас
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати хориҷа хабар додааст, ки имрӯз, вохӯрии Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид.
Гуфта шудааст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазорати умури хориҷа зикр кардааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ба Ҳамоҳангсози кишварии СММ пурра иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла идомаи гуфтушунидҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот дод.
“Дар ин росто таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллу фасл кунад”, таъкид доштааст манбаъ.
Қайд шудааст, ки Сезин Синаноғлу аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ дар қитъаҳои наздисарҳадӣ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон истиқбол намуд.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва муассисаҳои тахассусии СММ-ро баррасӣ карданд.