https://sputnik.tj/20210507/bileti-parvoz-rusiya-tir-poyash-burrida-temurali-navruzov-1039308307.html
Билети парвоз ба Русия дошт, аммо аз зарби тир пояш бурида шуд: қиссаи Темуралӣ Наврӯзов
Билети парвоз ба Русия дошт, аммо аз зарби тир пояш бурида шуд: қиссаи Темуралӣ Наврӯзов
Sputnik Тоҷикистон
Темуралӣ Наврӯзов ҷавони 25 солаи сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз шумори захмиёни муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аст
2021-05-07T12:20+0500
2021-05-07T12:20+0500
2021-05-07T14:11+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
ворух
захмӣ
муноқиша
чипта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/07/1039308073_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_4ad0966c565cf74272d029c55d64065e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Рӯзи 29 апрел бо шунидаи садои баланд Темуралӣ аз дарвозаи хона берун шуд, аммо бехабар аз он, ки пораи тир пойҳои ӯро захмин мекунад. Мансурҷон Наврӯзов, падари Темуралӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарҳадбонони қирғиз рӯзи 29 апрел ба маҳаллаи онҳо, воқеъ дар ҷамоати Овчӣ Қалъача тир холӣ кардаанд. Бино ба гуфти ӯ, маълум шудааст, ки сарҳадбонони қирғизҳо ба рӯи деҳаи онҳо аз силоҳи санайперӣ тир андохтанд. Ҳоло Темуралӣ дар Бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ аст. Табибон барои боз доштани хунравӣ ду дафъа пойҳои ӯро ҷарроҳӣ кардаанд. “Як дафъа ҷарроҳӣ карданд, хунравӣ бознаистод. Мартибаи дуюм ҷарроҳӣ карда, ночор як пояшро буррида партофтанд”, - изҳор намуд Наврӯзов. Темуралӣ оиладор ва соҳиби 2 кӯдак низ будааст. Ӯ, устои кафшергар аст ва аз ҳисоби ҳамин ҳунараш дар шароити муҳоҷират ризқу рӯзи дарёфт мекард. Дар сохтмони чандин иморату иншоотҳои ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам корҳои кафшергариро ба иҷро расонидааст. Ӯ ахиран азми сафар ба шаҳри Читаи Русияро дошт. Барои рӯзи 3 май, билети ҳавопаймо харида буд, аммо рӯхдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон боиси захмин шудани пояш ва монеъаи рафтан ба Русия гардид.Рӯзи 29 апрел аз тирпарронӣ дар маҳаллаи ба номи Муҳиддин Ҳайдарови ҷамоати Овчӣ Қалъача ба ҳисоби Темуралӣ, ҳамсояҳои онҳо падару писар Баширҷон ва Муҳаммадистам Наврӯзовҳо низ ҷароҳат бардоштаанд. Муҳаммадусмон Наврӯз, яке аз аъзои ин хонавода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пораҳои тир, падар ва бародарашро захмин намудааст. “Дар вақти тирпарронӣ падар ва бародарам дар кӯча буданд. Падарам Баширҷон аз пойҳояшон захмин шуданду бародарам Муҳаммадистам аз гардан ва пой. Ҳоло онҳо дар шуъбаи осебшиносии бемористони ноҳия табобат мегиранд”, - гуфт Муҳаммадусмон. Мақомоти Суғд эълон карданд, ки бар асари муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафари ҳалок шуда ва 87 нафар захм бардоштанд. Ба иттилои Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд, барои расонидани ёрии аввалия ба ҷабрдидаҳо дар маҷмӯъ 3 миллион сомонӣ кӯмакпулиҳо равона карда шуд. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар дар марз ба деҳоти шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров боис гардид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд. Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд. Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
қирғизистон
ворух
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/07/1039308073_240:0:960:540_1920x0_80_0_0_f45e86198c21bf705476e8b0d1875922.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, муноқиша, захмӣ, пой
тоҷикистон, қирғизистон, муноқиша, захмӣ, пой
Билети парвоз ба Русия дошт, аммо аз зарби тир пояш бурида шуд: қиссаи Темуралӣ Наврӯзов
12:20 07.05.2021 (Навсозишуда: 14:11 07.05.2021) Темуралӣ Наврӯзов ҷавони 25 солаи сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз шумори захмиёни муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аст
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Рӯзи 29 апрел бо шунидаи садои баланд Темуралӣ аз дарвозаи хона берун шуд, аммо бехабар аз он, ки пораи тир пойҳои ӯро захмин мекунад. Мансурҷон Наврӯзов, падари Темуралӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарҳадбонони қирғиз рӯзи 29 апрел ба маҳаллаи онҳо, воқеъ дар ҷамоати Овчӣ Қалъача тир холӣ кардаанд.
“Соати 17: 30 дақиқа буд, ки садое баланд шуд. Темуралӣ аз ин ҳайрон шуду ба кӯча баромад, баъди чанд дақиқа ӯ дар назди дарвоза фарёд кашид. Баромадем, ки алакай аз зарби тир пойяш пора шудааст”, - нақл кард Мансурҷон Наврӯзов.
Бино ба гуфти ӯ, маълум шудааст, ки сарҳадбонони қирғизҳо ба рӯи деҳаи онҳо аз силоҳи санайперӣ тир андохтанд.
Ҳоло Темуралӣ дар Бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ аст. Табибон барои боз доштани хунравӣ ду дафъа пойҳои ӯро ҷарроҳӣ кардаанд.
“Як дафъа ҷарроҳӣ карданд, хунравӣ бознаистод. Мартибаи дуюм ҷарроҳӣ карда, ночор як пояшро буррида партофтанд”, - изҳор намуд Наврӯзов.
Темуралӣ оиладор ва соҳиби 2 кӯдак низ будааст. Ӯ, устои кафшергар аст ва аз ҳисоби ҳамин ҳунараш дар шароити муҳоҷират ризқу рӯзи дарёфт мекард. Дар сохтмони чандин иморату иншоотҳои ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам корҳои кафшергариро ба иҷро расонидааст.
Ӯ ахиран азми сафар ба шаҳри Читаи Русияро дошт. Барои рӯзи 3 май, билети ҳавопаймо харида буд, аммо рӯхдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон боиси захмин шудани пояш ва монеъаи рафтан ба Русия гардид.
Рӯзи 29 апрел аз тирпарронӣ дар маҳаллаи ба номи Муҳиддин Ҳайдарови ҷамоати Овчӣ Қалъача ба ҳисоби Темуралӣ, ҳамсояҳои онҳо падару писар Баширҷон ва Муҳаммадистам Наврӯзовҳо низ ҷароҳат бардоштаанд.
Муҳаммадусмон Наврӯз, яке аз аъзои ин хонавода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пораҳои тир, падар ва бародарашро захмин намудааст.
“Дар вақти тирпарронӣ падар ва бародарам дар кӯча буданд. Падарам Баширҷон аз пойҳояшон захмин шуданду бародарам Муҳаммадистам аз гардан ва пой. Ҳоло онҳо дар шуъбаи осебшиносии бемористони ноҳия табобат мегиранд”, - гуфт Муҳаммадусмон.
Мақомоти Суғд эълон карданд, ки бар асари муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафари ҳалок шуда ва 87 нафар захм бардоштанд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд, барои расонидани ёрии аввалия ба ҷабрдидаҳо дар маҷмӯъ 3 миллион сомонӣ кӯмакпулиҳо равона карда шуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар дар марз ба деҳоти шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров боис гардид.
Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.