https://sputnik.tj/20210506/ruzi-6-may-dar-tarih-1039278399.html
Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ: рӯзи 6 май дар таърих
Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ: рӯзи 6 май дар таърих
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи шашуми май Дар Антигуа – Рӯзи меҳнат буда, дар ИМА — Рӯзи ҳамшира ва дар Булғористон – Рӯзи артиш мебошад.
2021-05-06T06:00+0500
2021-05-06T06:00+0500
2021-05-06T10:17+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
ҷашн
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034827123_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_5582bf8b79bf565d325f78a6d608d0a0.png
Рӯзи 6 май дар ҷаҳон чӣ рух додСоли 1835 аввалин шумораи рӯзномаи америкоии "Ню-Йорк гералд" нашр шуд.Соли 1993 Шӯрои Амнияти СММ дар бораи таъсис додани "Минтақаҳои бехатар" дар Сараево, Тузл, Зеп, Гораҷ ва Сребренитса дар ҳудуди Босния ва Гертсеговина эълон намуд.Соли 2009 Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави дастаҳои мунтахаби футболро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 207 дастаи олам мақоми 147-ро касб намуд.Рӯзи 6 май дар Тоҷикистон чӣ рух додСоли 2002 дар Маскав шумораи нахустини газетаи "Чархи гардун" ба табъ расид.Соли 2009 Президент Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи дар шаҳри Душанбе таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов" фармон имзо намуд.Соли 2009 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳанги Покистон ифтитоҳ гардид.Соли 2009 ҷилди сеюми кори илмӣ-бунёдии "Очеркҳои таърих ва назарияи фарҳанги халқи тоҷик нашр шуд".Соли 2010 дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – Ҷамъияти муштараки масъулияташ маҳдуди "Душанбе-Текс", ки ба коркарди нахи пахта махсус гардонида шудааст, ба фаъолият шурӯъ кард.Соли 2010 Шӯрои иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи ёрии таъҷилӣ дар барқарорсозии бахши энергетикӣ дар Тоҷикистон гранти иловагиро дар ҳаҷми 15 миллион доллари ИМА тасдиқ намуд.Соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 58-уми Шӯрои нақлиёти роҳиоҳании давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе миёни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Петрозаводи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии "Кохи Наврӯз" шинос шуданд.Соли 2017 Намоиши ҷумҳуриявии мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо "Авто Ретро-Душанбе" баргузор гардид.Ҷашнҳои рӯзи 6 майРӯзи 6 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадаастСоли 1928 – доктори улуми филология, профессор Расул Ҳодизода.Соли 1938 – шоир Одина Мирак.Соли 1945 – иқтисодчӣ Муртазо Қаҳҳоров.Соли 1969 — овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Парвин Юсуфӣ.
https://sputnik.tj/20210504/ruzi-4-may-dar-tarih-1039228902.html
https://sputnik.tj/20210503/ruzi-3-may-dar-tarih-1039229131.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034827123_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_b3380e4aefa356647c249c7cc7d4e439.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷашн, таърих, тоҷикистон, ҷаҳон,
ҷашн, таърих, тоҷикистон, ҷаҳон,
Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ: рӯзи 6 май дар таърих
06:00 06.05.2021 (Навсозишуда: 10:17 06.05.2021) Рӯзи шашуми май Дар Антигуа – Рӯзи меҳнат буда, дар ИМА — Рӯзи ҳамшира ва дар Булғористон – Рӯзи артиш мебошад
Рӯзи 6 май дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1835 аввалин шумораи рӯзномаи америкоии "Ню-Йорк гералд" нашр шуд.
Соли 1993 Шӯрои Амнияти СММ дар бораи таъсис додани "Минтақаҳои бехатар" дар Сараево, Тузл, Зеп, Гораҷ ва Сребренитса дар ҳудуди Босния ва Гертсеговина эълон намуд.
Соли 2009 Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави дастаҳои мунтахаби футболро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 207 дастаи олам мақоми 147-ро касб намуд.
Рӯзи 6 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2002 дар Маскав шумораи нахустини газетаи "Чархи гардун" ба табъ расид.
Соли 2009 Президент Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи дар шаҳри Душанбе таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов" фармон имзо намуд.
Соли 2009 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳанги Покистон ифтитоҳ гардид.
Соли 2009 ҷилди сеюми кори илмӣ-бунёдии "Очеркҳои таърих ва назарияи фарҳанги халқи тоҷик нашр шуд".
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – Ҷамъияти муштараки масъулияташ маҳдуди "Душанбе-Текс", ки ба коркарди нахи пахта махсус гардонида шудааст, ба фаъолият шурӯъ кард.
Соли 2010 Шӯрои иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи ёрии таъҷилӣ дар барқарорсозии бахши энергетикӣ дар Тоҷикистон гранти иловагиро дар ҳаҷми 15 миллион доллари ИМА тасдиқ намуд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 58-уми Шӯрои нақлиёти роҳиоҳании давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе миёни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Петрозаводи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии "Кохи Наврӯз" шинос шуданд.
Соли 2017 Намоиши ҷумҳуриявии мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо "Авто Ретро-Душанбе" баргузор гардид.
Дар Антигуа – Рӯзи меҳнат.
Дар Булғористон – Рӯзи артиш.
Рӯзи 6 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1928 – доктори улуми филология, профессор Расул Ҳодизода.
Соли 1938 – шоир Одина Мирак.
Соли 1945 – иқтисодчӣ Муртазо Қаҳҳоров.
Соли 1969 — овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Парвин Юсуфӣ.