Шайтонро хурсанд накунед: муроҷиати муфтии Русия ба тоҷикону қирғизҳо - видео

Обуна шудан
Равил Гайнуддин, роҳбари Идораи мусалмонони Русия бо як муроҷиатнома дар робита ба маноқишаи марзӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон аз шаҳрвандони ин ду кишвар хостааст, дар моҳи шарифи Рамазон бояд бар хашму бадхоҳӣ пирӯз шаванду роҳи муколамаро пеш гиранд.
Муфтии Русия дар хитоб ба тоҷикону қирғизҳо таъкид намудааст, ки набояд роҳ дод, то дар моҳи муборак андешаҳо ва ҳиссиёти номатлуб, аз қабили бадбинӣ, ҳасад ва интиқом дар дил ҷой гиранд.
Ӯ таассуфовар хондааст, ки дар водии Фарғона, яке аз гаҳвораҳои тамаддуни исломӣ бадбинӣ миёни халқи тоҷику қирғиз рух додааст.
Муфтии Русия гуфтаст, дарк мекунад, ки мусалмонҳо аз ҳар ду тараф дар бораи ватани худу манфиатҳои давлат ғам мехӯранд, аммо ҳатто эҳсоси поки ватандӯстӣ низ набояд боис шавад, ки инсондӯстию бародарӣ дар дини Худо фаромӯш шавад.
Гайнутдин ҷонибҳоро даъват намудааст, ки қалбҳоро боз кунанду имкон пайдо намоянд, то ҳамаи низоъро на бо зӯрӣ, балки тавассути музокироти шафофу самимӣ ҳал намоянд.

"Ҷанг, тахрибкорӣ ва марг давлату соҳибихтиёрии ҳарду ҷонибро тақвият нахоҳанд дод, танҳо муноқишаро ба сатҳи нав мебароранд ва шайтонро хурсанд мекунанд. Кӯдаконро ятиму занонро бева мемонанду тухми нави нафрат мекоранд", - таъкид кардааст муфтии Русия дар хитоб ба тоҷикону қирғизҳо.

Санадҳои хуб таҳияшуда ва аз ҳарду ҷониб қабулгардида, беҳтарин мерос ба наслҳои оянда хоҳад буд, ки аз хунрезӣ ҷилавгирӣ мекунанд, таъкид кардааст муфтии Русия.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
“Узрхоҳии Тошиев аз ҳайати Тоҷикистон”: КДАМ видеоро сохтакорӣ хонд - навор
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0