https://sputnik.tj/20210506/boboi-huja-sobiqador-jbv-nohiya-yovon-1039286799.html
Бобои Хуҷаи 96 – сола, ягона собиқадори ҶБВ дар ноҳияи Ёвон
Бобои Хуҷаи 96 – сола, ягона собиқадори ҶБВ дар ноҳияи Ёвон
Sputnik Тоҷикистон
Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола, ягона иштирокдори ҶБВ аз ноҳияи Ёвон мебошад, ки феълан дар қайди ҳаёт аст
2021-05-06T13:04+0500
2021-05-06T13:04+0500
2021-05-06T13:10+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ёвон
ҷбв
аёдати собиқадор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039286733_0:31:2789:1600_1920x0_80_0_0_532feb859351e6208398b1dd4278e82a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Ҳукумати Ёвон гузориш дод, ки ба ягона куҳансарбози ноҳия, Хуҷа Дарвешови 96-сола кумаки молиявӣ аз номи мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарияти ҷумҳурӣ расонда шуд. Тибқи иттилои ҳукумати Ёвон, дар ҶБВ солҳои 1941-1945 қариб 2500 нафар ҷавонони ёвонӣ иштирок карда, беш аз 1000 нафари онҳо дар роҳи мубориза ҳалок шудаанд. Манбаъ афзуд, аз миёни онҳое, ки аз ҷабҳаҳои ҷанг сиҳату саломат ба назди волидон ва наздиконашон баргашта буданд, имрӯз ҳамагӣ 1 нафари онҳо дар қайди ҳаёт мондааст. Ягона куҳансарбоз Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола аз деҳаи Озодии деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия мебошад, ки дар арафаи ҷашни Ғалаба мақомдорон ба шодбошаш омадаанд. Феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ 94 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта дар Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон 168 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд. Бар асоси амри раисиҷумҳур, имсол барои ҳар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Фонди захиравии президент 10 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад ва иловатан мақомоти маҳаллӣ низ кумакпулӣ ироа хоҳанд кард. Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҶБВ рафтанд, ки аз он ҳудуди 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд. Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон 64 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳодио Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд. Чорабиниҳои идона бахшида ба 76-умин солгарди Иди Ғалаба дар Тоҷикистон 8 май дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
https://sputnik.tj/20210506/ishtirok-prezident-kuhansarboz-guzashti-nizomii-dushanbe-1039285998.html
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039286733_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e74718672f0f23855c2aaefc81f37500.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷбв, ҷанг, собиқадор, ҳаёт, кумак
ҷбв, ҷанг, собиқадор, ҳаёт, кумак
Бобои Хуҷаи 96 – сола, ягона собиқадори ҶБВ дар ноҳияи Ёвон
13:04 06.05.2021 (Навсозишуда: 13:10 06.05.2021) Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола, ягона иштирокдори ҶБВ аз ноҳияи Ёвон мебошад, ки феълан дар қайди ҳаёт аст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Ҳукумати Ёвон гузориш дод, ки ба ягона куҳансарбози ноҳия, Хуҷа Дарвешови 96-сола кумаки молиявӣ аз номи мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарияти ҷумҳурӣ расонда шуд.
Тибқи иттилои ҳукумати Ёвон, дар ҶБВ солҳои 1941-1945 қариб 2500 нафар ҷавонони ёвонӣ иштирок карда, беш аз 1000 нафари онҳо дар роҳи мубориза ҳалок шудаанд. Манбаъ афзуд, аз миёни онҳое, ки аз ҷабҳаҳои ҷанг сиҳату саломат ба назди волидон ва наздиконашон баргашта буданд, имрӯз ҳамагӣ 1 нафари онҳо дар қайди ҳаёт мондааст.
Ягона куҳансарбоз Бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола аз деҳаи Озодии деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия мебошад, ки дар арафаи ҷашни Ғалаба мақомдорон ба шодбошаш омадаанд.
Феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ 94 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта дар Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон 168 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд.
Бар асоси амри раисиҷумҳур, имсол барои ҳар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Фонди захиравии президент 10 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад ва иловатан мақомоти маҳаллӣ низ кумакпулӣ ироа хоҳанд кард.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҶБВ рафтанд, ки аз он ҳудуди 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд. Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон 64 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳодио Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Чорабиниҳои идона бахшида ба 76-умин солгарди Иди Ғалаба дар Тоҷикистон 8 май дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.