Ҷабборов ба Конститутсияи нав имзо гузошт

© Sputnik / Михаил Метцель / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Обуна шудан
Дар Қирғизистон таҳрири нави сарқонуни кишвар ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов таҳрири нави конститутсияи ҷумҳуриро ба имзо кард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури он кишвар.
Маълум аст, лоиҳаи конститутсия, ки 11 апрели соли 2021 дар раъйпурсӣ қабул шуд, шакли идоракунии президентиро ба кишвар бармегардонад.
"Конститутсияи нав бо дарназардошти маҳз мушкилоти барои кишвари мо ҷойдошта навишта шудааст ва он арзишҳоеро, ки мо ҳамчун халқ қадр мекунем ва идеалҳоеро, ки мо ҳамчун ҷомеа барои амалӣ намудани онҳо саъй дорем, инъикос мекунад", - авзеҳ додааст Ҷабборов аснои баромади худ ба муносибати Рӯзи сарқонун.
Қабл аз он, роҳбари КМИ Қирғизистон Нуржан Шилдабекова қарори КМИ-ро қироат кард.
Маълум аст, ки 79,3% дар раъйпурсӣ ба тарафдории нусхаи таҷдидшудаи қонуни асосии давлат овоз додаанд, 13,7% муқобил. Дар овоздиҳӣ 36,6% ширкат варзиданд.
Лентаи хабарҳо
0