Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

“Се хонаро бо гранатамёт, 5 дари дигарро дуздон задаанд” – дар Чоркӯҳ ҳама маълум шуд

© Хадамоти матбуоти раиси вилояти СуғдМанзилҳои харобгаштаи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониён
Манзилҳои харобгаштаи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Обуна шудан
Ҷамоати Чоркӯҳ теъдоди қурбониёну захмиён ва осебдидагони даргириҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро маълум кард. Ин танҳо оморест, ки метавон гуфт, аз ин ҳаводис мувассақ пешниҳод мешавад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Бино ба санаде, ки аз ин ҷамоат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд, теъдоди қурбониён аз ҷумлаи сокинони ин ҷамоат 8 нафар буда, санаи таваллуди онҳо низ маълум шудааст.
Бино ба ин рӯйхат, Ҳикматулло Маҳкамов (2 январи соли 1994), Иброҳимхон Ҳошимзода (11 апрели соли 1995), Манучеҳр Қаландаров (20 марти 1981), Собир Ваҳҳобов (16 июни соли 1970), Ҳакимбой Ниёзов (28 феврали соли 1982), Ҳасанхон Шаропов (18 ноябри соли 1989), Далер Эшонов (20 октябри соли 1987) ва Нусратулло Набиев (2 марти соли 2001) он сокинони ин ҷамоатанд, ки дар даргириҳои 29 апрел дар қаламрави Чоркӯҳ ба шаҳодат расидаанд.
Бино ба ривояти ин аснод, захмӣ шудани 17 нафари дигар, ки бо тамоми мушаххасот – шурӯъ аз санаи таваллуд то аз кадом ноҳияи бадан захм бардоштанашон зикр шудааст, низ мустанад шудааст.
Захмиён бештар аз сару рӯй, рону дигар узви бадан захм бардошта, бистарӣ ва сиҳату ба по шудаанд.
Ситуация на границе Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳукумати Исфара шумораи дақиқи хонаҳои харобшударо гуфт
Ҷавонтарини онҳо соли 1990, бузургтаринашон дар соли 1957 таваллуд шудааст ва ҳамагӣ аз 2 то 4 фарзанд доштаанд.
Аз ҳама бештар – 8 нафар сокини Сомониён захмӣ шудаанд. Ин деҳа яке аз маҳалҳои даргириҳо буд.
Ҳамзамон онҳое, ки аз ҷумлаи сокинони ҷамоати Ворух зарари моддӣ дидаанд, низ маълум карда шудаанд. Ин мардум 34 нафар мебошанд ва бино ба санад, 22 тани онҳо аз ду то 5 дар хона ва оғилу қоҳдону дигар сохтмонҳояшонро аз даст додаанд.
Боздиди Аҳмадзода аз Хоҷаи Аъло ва Сомониёну ваъдаи ӯ ба мардум - акс
Дар миёни онҳо 15 хона аз маҳаллаи Сомониён, 9 хона дар деҳаи Хоҷа Аъло, 4 хона дар маҳаллаи Ваҳдат ва бақия дар дигар мавозеъ будаанд. Аз миёни онҳо 3 хона аз сӯи норинҷакандоз (ракетандоз) ҳадафмандона тахриб шуда, 5 хонаи дигарро дуздон ғорат кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз ҳисобу китоб нашудааст, ки зарари ҷисмонии воридшуда ба хоҷагии халқи ҷамоати Чоркӯҳ чӣ қадар хоҳад буд.
Мақомоти қудратӣ, бино ба иттилои дарёфтӣ, парвандаҳои ҷиноятиро аз ҳаводис боз кардаанд, аммо тафсилоташонро намегӯянд.
Лентаи хабарҳо
0