https://sputnik.tj/20210505/bayden-kudakon-koronavirus-em-1039262662.html
Байден мехоҳад кӯдакони 12-15 - солаи амрикоӣ алайҳи коронавирус эм гиранд
Байден мехоҳад кӯдакони 12-15 - солаи амрикоӣ алайҳи коронавирус эм гиранд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Амрико мегӯяд, агар FDA истифодаи ваксин барои ин синну солро тасдиқ кунад, пас маъракаи эмгузаронӣ миёни кӯдакони 12 - 15 - сола оғоз меёбад 05.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-05T09:30+0500
2021-05-05T09:30+0500
2021-08-10T17:01+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
амрико
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/07/1032961284_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_e1bf0082571eebcd8f60d1a9be2cebae.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки мақомот омодаанд фавран ба эмгузаронии кӯдакони 12-15 сола шурӯъ кунанд, агар танзимгари тиббии FDA истифодаи ваксинаҳоро барои ин синну солҳо тасдиқ кунад. Ғайр аз ин, ӯ тадбирҳои навро барои баланд бардоштани дастрасии ваксина эълон кард.Ба гуфтаи раисҷумҳури ИМА, ҳамакнун ваксин ба ҷойҳои дурдаст ва ноҳияҳои камбизоат фиристода мешавад ваҳамчунин нуқтаҳои хурди ваксингирӣ ташкил карда мешаванд. Бо вуҷуди ин, Байден эътироф кард, ки раванди эмгузаронӣ сусттар гардидааст."Тавре ки мо интизор будем, акнун ваксинзанӣ пас аз он ки беш аз нисфи аҳолии калонсол эм карда шуданд, коҳиш меёбад", - гуфт президенти ИМА.Амрико ҳамоно аз лиҳози шумораи бештари сироятёфтагон дар ҷаҳон, садрнишин аст. Дар ин кишвар шумораи сироятёфтагон ба 33 230 561 нафар баробар аст.
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/07/1032961284_313:0:2980:2000_1920x0_80_0_0_3bc628039b15f3170739b8c455542c4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, эмгузаронӣ, коронавирус
амрико, эмгузаронӣ, коронавирус
Байден мехоҳад кӯдакони 12-15 - солаи амрикоӣ алайҳи коронавирус эм гиранд
09:30 05.05.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Кишвардори Амрико мегӯяд, агар FDA истифодаи ваксин барои ин синну солро тасдиқ кунад, пас маъракаи эмгузаронӣ миёни кӯдакони 12 - 15 - сола оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки мақомот омодаанд фавран ба эмгузаронии кӯдакони 12-15 сола шурӯъ кунанд, агар танзимгари тиббии FDA истифодаи ваксинаҳоро барои ин синну солҳо тасдиқ кунад.
"Танҳо FDA ин тасмимро хоҳад гирифт. Аммо ман мехоҳам ба волидони амрикоӣ бигӯям, ки агар ин тасмим гирифта шавад, мо омодаем фавран амал кунем, то 20 ҳазор дорухонаҳо дар саросари кишвар барои эмгузаронии наврасон омода шаванд, - изҳор дошт Байден.
Ғайр аз ин, ӯ тадбирҳои навро барои баланд бардоштани дастрасии ваксина эълон кард.
Ба гуфтаи раисҷумҳури ИМА, ҳамакнун ваксин ба ҷойҳои дурдаст ва ноҳияҳои камбизоат фиристода мешавад ваҳамчунин нуқтаҳои хурди ваксингирӣ ташкил карда мешаванд.
Бо вуҷуди ин, Байден эътироф кард, ки раванди эмгузаронӣ сусттар гардидааст.
"Тавре ки мо интизор будем, акнун ваксинзанӣ пас аз он ки беш аз нисфи аҳолии калонсол эм карда шуданд, коҳиш меёбад", - гуфт президенти ИМА.
Амрико ҳамоно аз лиҳози шумораи бештари сироятёфтагон дар ҷаҳон, садрнишин аст. Дар ин кишвар шумораи сироятёфтагон ба 33 230 561 нафар баробар аст.