https://sputnik.tj/20210504/taghyiroti-kadri--rahmon-yordamchi--barkanor-1039260090.html
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон ёрдамчияшро аз мақомаш барканор кард
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон ёрдамчияшро аз мақомаш барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар имрӯз бо имзои амру фармонҳо тағйироти кардрӣ ба вуҷуд овард.
2021-05-04T18:30+0500
2021-05-04T18:30+0500
2021-05-04T20:29+0500
фармон, амр ва қарорҳои тозатарини эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
тағйирои кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032976443_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_b81582eeeb7fff98a6a1cacd9b1373b3.jpg
ДУШАНБЕ 4 май - Sputnik.Тибқи иттилои котиботи президент, бо амри Эмомалӣ Раҳмон Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон бо сабаби ба нафақа баромадан аз мақомаш барканор шуд.Ба иттилои манбаъ, номбурда то кунун дар вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард.Президенти кишвар ҳамзҳамон Идизода Файзалӣ Фузайлшоро аз вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардааст.Тибқи амри раисиҷумҳур, Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мақомаш барканор шуд.Ёдовар мешавем, Идизода мои январи соли гузашта аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт" бан ин мақом расида буд.Аммо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон ва Идизода Файзалӣ Фузайлшо киҳоро таъйин кардааст, иттилое дар даст нест.
https://sputnik.tj/20210504/rahmon-raisoni-nohiya-tayinu-barkanor-kard-1039259566.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032976443_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_d1fa73d61b7816af33101fde9faf6d1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, тағйироти кадрӣ, тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон, тағйироти кадрӣ, тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон ёрдамчияшро аз мақомаш барканор кард
18:30 04.05.2021 (Навсозишуда: 20:29 04.05.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар имрӯз бо имзои амру фармонҳо тағйироти кардрӣ ба вуҷуд овард.
ДУШАНБЕ 4 май - Sputnik.Тибқи иттилои котиботи президент, бо амри Эмомалӣ Раҳмон Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон бо сабаби ба нафақа баромадан аз мақомаш барканор шуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда то кунун дар вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард.
Президенти кишвар ҳамзҳамон Идизода Файзалӣ Фузайлшоро аз вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардааст.
Тибқи амри раисиҷумҳур, Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мақомаш барканор шуд.
Ёдовар мешавем, Идизода мои январи соли гузашта аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт" бан ин мақом расида буд.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон ва Идизода Файзалӣ Фузайлшо киҳоро таъйин кардааст, иттилое дар даст нест.