https://sputnik.tj/20210504/dasturi-rustam--tajlil-ruzi-ghalaba-kumak-sobiqadoron-1039253449.html
Дастури Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ва кумак ба собиқадорони Душанбе
Дастури Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ва кумак ба собиқадорони Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба қарор дар бора кумак ба собиқадорони ҷангу меҳнатро имзо кард 04.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-04T13:34+0500
2021-05-04T13:34+0500
2021-07-29T13:16+0500
дар тоҷикистон
шаҳрдории душанбе
собиқадорони ҷбв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032000165_0:166:3077:1897_1920x0_80_0_0_2019cd0550936e335f579c89f0e5a1f7.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Аз Шаҳрдории пойтахт ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ 316 ҳазор сомонӣ кумапулии якдафъаина ҷудо карда мешавад.Ба иттилои манбаъ, маблаъғи ҷудошуда ба 16 собиқадори ҶБВ 1,5 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони дар давраи ин ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҷанг дар ақибгоҳ кор карда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд 800 сомонӣ ҷудо гаштааст.Гуфта мешавад, кумаки молиявӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷудо шуда, раисони навоҳии пойтахт муваззаф шуданд, ки кумакҳоро то шашуми май расонанад.Ҳамзамон бо қарори Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.Ҷанги Бузурги Ватанӣ фоҷеаи даҳшатбори таърих буда, он дар қаламрави 40 давлат ва бо фарогирии 72 кишвари дунё ва ширкати 110 миллион нафар сурат гирифтааст.Қурбонии ин ҷангро 50 миллион нафар арзёбӣ мекунанд, ки 27 миллиони он аз Иттиҳоди Шӯравӣ гуфта мешавад. Теъдоди тоҷикистониёни дар ин ҷанг ширкаткарда 300 ҳазор гуфта мешавад, ки аз ин шумор 92 ҳазор нафарашон ҳалокат шудаанд.
https://sputnik.tj/20210504/haftai-filmhoi-jangi-bozgashti-tojiona-ba-jangi-buzurgi-vatani-1039250209.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032000165_87:0:2818:2048_1920x0_80_0_0_3b6a46a5209a49e9865b39f9d2697f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, шаҳрдории душанбе, собиқадорони ҷбв
дар тоҷикистон, шаҳрдории душанбе, собиқадорони ҷбв
Дастури Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ва кумак ба собиқадорони Душанбе
13:34 04.05.2021 (Навсозишуда: 13:16 29.07.2021) Шаҳрдории Душанбе ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба қарор дар бора кумак ба собиқадорони ҷангу меҳнатро имзо кард
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Аз Шаҳрдории пойтахт ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ 316 ҳазор сомонӣ кумапулии якдафъаина ҷудо карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, маблаъғи ҷудошуда ба 16 собиқадори ҶБВ 1,5 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони дар давраи ин ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҷанг дар ақибгоҳ кор карда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд 800 сомонӣ ҷудо гаштааст.
Гуфта мешавад, кумаки молиявӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷудо шуда, раисони навоҳии пойтахт муваззаф шуданд, ки кумакҳоро то шашуми май расонанад.
Ҳамзамон бо қарори Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ фоҷеаи даҳшатбори таърих буда, он дар қаламрави 40 давлат ва бо фарогирии 72 кишвари дунё ва ширкати 110 миллион нафар сурат гирифтааст.
Қурбонии ин ҷангро 50 миллион нафар арзёбӣ мекунанд, ки 27 миллиони он аз Иттиҳоди Шӯравӣ гуфта мешавад.
Теъдоди тоҷикистониёни дар ин ҷанг ширкаткарда 300 ҳазор гуфта мешавад, ки аз ин шумор 92 ҳазор нафарашон ҳалокат шудаанд.