https://sputnik.tj/20210503/sang-hokistar-isfara-munoqisha-qirghiziston-1039238178.html
Сангу хокистар: аксҳои деҳаҳои харобшудаи Исфара баъд аз муноқиша бо Қирғизистон
Сангу хокистар: аксҳои деҳаҳои харобшудаи Исфара баъд аз муноқиша бо Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Харобиҳо дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ шаҳодат медиҳад 03.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-03T14:46+0500
2021-05-03T14:46+0500
2021-05-26T15:23+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
муноқиша
оқибат
гузориши аксӣ
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/03/1039235117_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_99f9f48f89f0d64503a1c1d24d058bde.jpg
Биноҳои истиқоматӣ ва мошинҳои сӯхташуда, танҳо як қисми харобиҳое, ҳастанд, оқибати муноқишаро дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон инъикос мекунад.Сабаби муноқиша нуқтаи обтақсимкунии Головной буд. Бишкек таъкид мекунад, ки ин як иншооти муҳими стратегии Қирғизистон аст, аммо Душанбе қайд мекунад, ки ин иншоот дар қаламрави Тоҷикистон сохта шудааст.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳангоми насб кардани камераҳои назоратӣ дар ин макон шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи тоҷикон санг партофтаанд. Мақомоти кишвари ҳамсоя ин изҳоротро рад карда, қайд карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда вазъро шиддат карданд ва ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/03/1039235117_153:0:1113:720_1920x0_80_0_0_383b9105e8c061c3197d75a91a43abdd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, муноқиша, оқибат, гузориши аксӣ, фото, акс
дар тоҷикистон, қирғизистон, муноқиша, оқибат, гузориши аксӣ, фото, акс
Сангу хокистар: аксҳои деҳаҳои харобшудаи Исфара баъд аз муноқиша бо Қирғизистон
14:46 03.05.2021 (Навсозишуда: 15:23 26.05.2021) Харобиҳо дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ шаҳодат медиҳад
Биноҳои истиқоматӣ ва мошинҳои сӯхташуда, танҳо як қисми харобиҳое, ҳастанд, оқибати муноқишаро дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон инъикос мекунад.
Сабаби муноқиша нуқтаи обтақсимкунии Головной буд. Бишкек таъкид мекунад, ки ин як иншооти муҳими стратегии Қирғизистон аст, аммо Душанбе қайд мекунад, ки ин иншоот дар қаламрави Тоҷикистон сохта шудааст.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳангоми насб кардани камераҳои назоратӣ дар ин макон шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи тоҷикон санг партофтаанд. Мақомоти кишвари ҳамсоя ин изҳоротро рад карда, қайд карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда вазъро шиддат карданд ва ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.

Имрӯзҳо дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бисёре аз хонаҳо хароб шудаанд

Одамон маҷбур шуданд оилавӣ хонаҳои сӯхта ва харобшудаи худро тарк кунанд

Оташ ҷанг тамоми молу мулки мардуми ин минтақаро нобуд кард

Натанҳо иншоотҳо зарар диданд, балки зироатҳои мардум низ нобуд карда шуд

Аксари хонаҳое, ки тахриб шуданд, имкони таъмир кардан надоранд ва мардум бояд онҳоро аз сари нав бисозанд

Мақомоти мардуми маҳалиро ба ҷои амн кӯчонд. Миёни онҳо пиронсолону кӯдакони зиёд ҳастанд

Дар муноқишае, ки санаи 28-29 апрел сурат гирифт чандин оилаҳо миёни ҷанг монданд

Тақрибан ду рӯз хонаҳои истиқомати дар ин минтақаҳо месӯхтанд

Аз муноқиша имрӯз танҳои оҳанпораву хоробиҳо шаҳодат медиҳад

Баъд аз имзои созишнома дар бораи оташбас, ҳоло вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан ором аст

Тибқи маълумоти пешакӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар ин муноқиша 16 нафар кушта ва 110 нафари дигар захмӣ шуд

Аз ҷониби Қирғизистон 35 нафар кушта 183 нафари дигар захмӣ шудааст

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон протокол дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд ва тамоми нерӯҳо ва технакаи ҷангиро ба ҷои мустақари доимӣ интиқол доданд