https://sputnik.tj/20210503/pul-rohi-isfara-surhu-chorkuh-voruh-oseb-1039241127.html
Пуле, ки дар миёни оташи ҷанг дар марз пойбарҷо монд
Пуле, ки дар миёни оташи ҷанг дар марз пойбарҷо монд
Sputnik Тоҷикистон
Аз тиру гулулаборони муноқишаи марзӣ ба ягона купрӯке, ки роҳи Исфараро бо ҷамоатҳои Сурху Чоркӯҳ ва Ворух мепайвандад хушбахтона осеб надидааст
2021-05-03T17:00+0500
2021-05-03T17:00+0500
2021-05-03T17:11+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
чоркӯҳ
марз
пул
осеб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102748/00/1027480045_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_ed61310f3262e1fc726d2b8a0a953a94.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Рӯзҳои 28 ба 29 апрел аз рӯи ин пул, ки дар деҳаи Чорқишлоқ, болои дарёи Исфара ҷойгир аст, даҳҳо тубу танкҳои ҷангӣ убур кардаанд. Деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки Исфара бо деҳаи Қаробоғи Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Роҳи миёни ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Сурх аз ҳудуди ҷамоати Шаҳрак, тавассути ҳамин купрук то ба маркази Исфара мерасад. Сокинони наздимарзии Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи эмин мондани ин пул аз таъсири тиру глулаборони рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марз бо Қирғизистон таъкид намуданд. Ин купруки наздимарзӣ 4 - 5 метр бар ва 55 метр дарозӣ дошта, дуруст дар соли 2003 сохта шудааст. Муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон зиёд харобаҳоро боқӣ гузошт. Бар асари ин руйдод аз ду ҷониб даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ, иморату иншоотҳои ҷамъиятӣ ва мошину дигар муҳимоти сокинони оддӣ аз оташи силоҳ сӯхтаву хокистар шуданд. Рӯзи 1 май ошташи муноқиша амалан хомӯш ва зиндагӣ дар навоҳии наздимарзӣ ба маҷрои пешини худ бармегардад.
https://sputnik.tj/20210503/khf-hajmi-zarar-tojikiston-marzi-qirghiziston-muayyan-1039240597.html
қирғизистон
чоркӯҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102748/00/1027480045_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_70b887865bf8c618264a3c29ff286b68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, пул, купрук
тоҷикистон, қирғизистон, пул, купрук
Пуле, ки дар миёни оташи ҷанг дар марз пойбарҷо монд
17:00 03.05.2021 (Навсозишуда: 17:11 03.05.2021) Аз тиру гулулаборони муноқишаи марзӣ ба ягона купрӯке, ки роҳи Исфараро бо ҷамоатҳои Сурху Чоркӯҳ ва Ворух мепайвандад хушбахтона осеб надидааст ва пойбарҷост
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Рӯзҳои 28 ба 29 апрел аз рӯи ин пул, ки дар деҳаи Чорқишлоқ, болои дарёи Исфара ҷойгир аст, даҳҳо тубу танкҳои ҷангӣ убур кардаанд. Деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки Исфара бо деҳаи Қаробоғи Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Роҳи миёни ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Сурх аз ҳудуди ҷамоати Шаҳрак, тавассути ҳамин купрук то ба маркази Исфара мерасад.
Сокинони наздимарзии Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи эмин мондани ин пул аз таъсири тиру глулаборони рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марз бо Қирғизистон таъкид намуданд.
“Дар вақти муноқиша чанд тир зада шудааст, вале хушбахтона ба купрук осеб нарасидааст. Он пойбарҷост ва ҳаракати мошинҳо аз болои он ҷараён дорад”, - гуфт сокини деҳаи Чорқишлоқ.
Ин купруки наздимарзӣ 4 - 5 метр бар ва 55 метр дарозӣ дошта, дуруст дар соли 2003 сохта шудааст.
Муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон зиёд харобаҳоро боқӣ гузошт. Бар асари ин руйдод аз ду ҷониб даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ, иморату иншоотҳои ҷамъиятӣ ва мошину дигар муҳимоти сокинони оддӣ аз оташи силоҳ сӯхтаву хокистар шуданд.
Рӯзи 1 май ошташи муноқиша амалан хомӯш ва зиндагӣ дар навоҳии наздимарзӣ ба маҷрои пешини худ бармегардад.