https://sputnik.tj/20210503/prokuratura-tojikiston-nizomiyon-qirghiziston-parvandai-jinoi-1039238738.html
Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи низомиёни Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард
Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи низомиёни Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи низомиёни Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод
2021-05-03T15:12+0500
2021-05-03T15:12+0500
2021-05-03T19:21+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
парвандаи ҷиноӣ
додситонии кулл
прократура
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031569220_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_bdc65fd61b32313d87d075bea4ee8b3e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тафтишот тибқи моддаҳои 395 ва 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар робита ба шиддат гирифтани муноқиша дар марзи ҷумҳурӣ оғоз карда шудааст.Айни замон гуруҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтишот давом дорад.Қаблан, додситонии Қирғизистон мурофиаи пешакиро аз рӯи моддаи N380 "Ҷиноят алайҳи сулҳ" оғоз карда буд.Таниш дар марзМуноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.
https://sputnik.tj/20210503/kdam-tojikiston-vaz-marz-orom-ast-1039232263.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031569220_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_b5922e8f21fb51746c1e24fbb7c18de6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, прокуратура, парвандаи ҷиноӣ, низомиён
тоҷикистон, прокуратура, парвандаи ҷиноӣ, низомиён
Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи низомиёни Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард
15:12 03.05.2021 (Навсозишуда: 19:21 03.05.2021) Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи низомиёни Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тафтишот тибқи моддаҳои 395 ва 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар робита ба шиддат гирифтани муноқиша дар марзи ҷумҳурӣ оғоз карда шудааст.
“Аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд”, - таъкид доштааст манбаъ
Айни замон гуруҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтишот давом дорад.
Қаблан, додситонии Қирғизистон мурофиаи пешакиро аз рӯи моддаи N380 "Ҷиноят алайҳи сулҳ" оғоз карда буд.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.