https://sputnik.tj/20210503/gurjistonu-tojikiston-sayyohi-barrasi-1039237044.html
Гурҷистону Тоҷикистон роҳҳои беҳтар намудани бахши сайёҳиро баррасӣ намуданд
Гурҷистону Тоҷикистон роҳҳои беҳтар намудани бахши сайёҳиро баррасӣ намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки Тоҷикистон ва Гурҷистон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил намуда, мутахасисони соҳаи сайёҳиро бозомӯзӣ намоянд
2021-05-03T14:00+0500
2021-05-03T14:00+0500
2021-05-03T14:00+0500
дар тоҷикистон
гурҷистон
рушд
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_0:209:3163:1988_1920x0_80_0_0_a73c28ff4116eb4f21ccb6d1b5c2093a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар Тоҷиддин Ҷӯразода ва муовини Маъмурияти миллии туризми Гурҷистон Медея Ҷаниашвили, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд.Кумитаи рушди сайёҳии хабар додааст, ки ҳамчун иқдоми аввал дар самти тақвияти ҳамкорӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мизи мудаввари маҷозӣ бо иштироки ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон баргузор гардад. Гуфта шудааст, мусоҳибон доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ барои ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имконияти сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Зимни мулоқот инчунин тақвияти заминаи меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории тарафҳо муҳим арзёбӣ гардид.Дар мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солиев низ иштирок намуд.
https://sputnik.tj/20210414/tojikiston-fehrasti-davlatii-zahira-sayyohi-tahiya-1038446811.html
гурҷистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_c2e1005d1d2cd368102fce42689a58d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гурҷистон, сайёҳӣ, бозомӯзӣ
тоҷикистон, гурҷистон, сайёҳӣ, бозомӯзӣ
Гурҷистону Тоҷикистон роҳҳои беҳтар намудани бахши сайёҳиро баррасӣ намуданд
Интизор меравад, ки Тоҷикистон ва Гурҷистон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил намуда, мутахасисони соҳаи сайёҳиро бозомӯзӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар Тоҷиддин Ҷӯразода ва муовини Маъмурияти миллии туризми Гурҷистон Медея Ҷаниашвили, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд.
Кумитаи рушди сайёҳии хабар додааст, ки ҳамчун иқдоми аввал дар самти тақвияти ҳамкорӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мизи мудаввари маҷозӣ бо иштироки ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон баргузор гардад.
Гуфта шудааст, мусоҳибон доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ барои ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имконияти сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот инчунин тақвияти заминаи меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории тарафҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Дар мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солиев низ иштирок намуд.