https://sputnik.tj/20210503/garavgongiri-qirghizho-tojikiston-rad-shud-1039234871.html
“Ягон кас намонд”: тафсилоти баргардонидани 10 гаравгони қирғиз
“Ягон кас намонд”: тафсилоти баргардонидани 10 гаравгони қирғиз
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти расмӣ дар шаҳри Исфара, хабари гаравгонгирии 10 қирғизистонӣ дар вақти рухдоди муноқишаи марзиро рад кардаанд
2021-05-03T12:24+0500
2021-05-03T12:24+0500
2021-07-07T17:58+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
рад
марз
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/04/1029480416_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_f2cdf119d68ec96e1319b6808ec32d2b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даҳ нафаре, ки расонаҳои Қирғизистон дар бораашон хабар додаанд, рӯзи 1 май пас аз тавофуқи ҳосилшуда миёни раҳбарони ҳайатҳои ду кишвар дар Бодканд раҳо шуда буданд. 1 май, баъзе аз расонаҳои хабарии қирғизӣ, аз ҷумла Sputnik Қирғизистон бо такя ба манобеъи худ аз мақомоти низомӣ ва бо нашри навру чанд акс навишт, ки сокинони боздоштшудаи ин кишвар аз Исфара озод карда шуданд. Бино ба иттилоъи ин расона, гаравгонҳо даҳ нафар буда, дар ин шумор Мирзабек Ҷумъабаев, раиси деҳаи Интернатсионалист будааст. “Ҳамаи онҳо соати 20:00 дар пайи гуфтушунидҳои раисони вилоятҳои Ботканд Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғд Раҷоббой Аҳмадзода ба кишвар баргардонида шуданд”, - иттилоъ дода буд Sputnik Қирғизистон. Даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел шурӯъ шуда, рӯзи 30 апрел ба анҷом расиданд. Расонаҳо аз даҳҳо куштаву садҳо захмӣ, ба оташ кашидани даҳҳо манзил аз ду ҷониб хабар медиҳанд. Аммо то ба ҳол омору пайомадҳои ин даргириҳо пурра анҷом нашудааст.
https://sputnik.tj/20210430/qirghiziston-omor-kushtashuda-zahmi-nashr-kard-1039191100.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/04/1029480416_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_ec8a326336e3c240737d3b3b901595fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, гаравгонгирӣ, рад, қирғизҳо
тоҷикистон, қирғизистон, гаравгонгирӣ, рад, қирғизҳо
“Ягон кас намонд”: тафсилоти баргардонидани 10 гаравгони қирғиз
12:24 03.05.2021 (Навсозишуда: 17:58 07.07.2021) Мақомоти расмӣ дар вилояти Суғд бо гузашти ду рӯз таъйид намуданд, ки як гурӯҳи боздоштшудагони қирғзро ба кишварашон таслим кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даҳ нафаре, ки расонаҳои Қирғизистон дар бораашон хабар додаанд, рӯзи 1 май пас аз тавофуқи ҳосилшуда миёни раҳбарони ҳайатҳои ду кишвар дар Бодканд раҳо шуда буданд.
“Нерӯҳои марзбонии мо онҳоро дар минтақаи нейтрали миёни Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ба ҳамтоёни қирғизашон таслим намуданд. Саломатии ҳамаи онҳо хуб буд. Дигар ягон боздоштшуда дар дасти ҷониби мо нест. Хушбахтона, бино ба маълумоти мо, ягон боздоштшуда ҳам дар дасти он тараф надорем. Ҳоло вазъи марз ором, зиндагӣ ба маҷрои пешина бармегардад”, - гуфт ин манбаъ.
1 май, баъзе аз расонаҳои хабарии қирғизӣ, аз ҷумла Sputnik Қирғизистон бо такя ба манобеъи худ аз мақомоти низомӣ ва бо нашри навру чанд акс навишт, ки сокинони боздоштшудаи ин кишвар аз Исфара озод карда шуданд. Бино ба иттилоъи ин расона, гаравгонҳо даҳ нафар буда, дар ин шумор Мирзабек Ҷумъабаев, раиси деҳаи Интернатсионалист будааст.
“Ҳамаи онҳо соати 20:00 дар пайи гуфтушунидҳои раисони вилоятҳои Ботканд Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғд Раҷоббой Аҳмадзода ба кишвар баргардонида шуданд”, - иттилоъ дода буд Sputnik Қирғизистон.
Даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел шурӯъ шуда, рӯзи 30 апрел ба анҷом расиданд. Расонаҳо аз даҳҳо куштаву садҳо захмӣ, ба оташ кашидани даҳҳо манзил аз ду ҷониб хабар медиҳанд. Аммо то ба ҳол омору пайомадҳои ин даргириҳо пурра анҷом нашудааст.