https://sputnik.tj/20210502/vokunish-turkiya-tanishho-marz-tojikiston-qirghiziston-1039219246.html
Вокуниши Туркия ба танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Вокуниши Туркия ба танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамчунин Афғонистон ва Эрон низ ба қазияи марзӣ вокуниш карданд 02.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-02T10:26+0500
2021-05-02T10:26+0500
2021-05-02T10:26+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
вокуниш
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:0:3015:1696_1920x0_80_0_0_3b499f7f3661d6737fd46c4a5c793211.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Як қатор кишварҳо дар робита ба муноқишаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марз изҳороти расмӣ доданд. Вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлют Чавушоғлу ба даст овардани созишномаи сулҳ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ситоиш кард. Эрон инчунин барои дастгирии кишварҳо розӣ шуд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода қайд кард, ки Эрон аз задухӯрдҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвари дӯст ва бародар нигарон аст. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Эрон изҳори умедворӣ кард, ки амалкарди роҳбарияти ҷумҳуриҳо боиси ҳалли мусолиматомези ҳаргуна баҳсҳои марзӣ хоҳад шуд. Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, ки муноқишаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои бениҳоят зиёд дошта бошад. "Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзи ду кишвари дӯст ва бародар нигарон аст. Афғонистон чунин мешуморад, ки идомаи танишҳо ва муноқишаҳои мусаллаҳона ҳам барои ин ду давлат ва ҳам ба суботи минтақавӣ манфиате надорад".Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва ҚирғизистонВазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
https://sputnik.tj/20210501/rusiya-omoda-hall-bahs-dushanbe-bishkek-1039211900.html
https://sputnik.tj/20210430/vokunishi--rusiya-ba-dargirii-marzii-tojikistonu-qirghiziston-1039177248.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:120:2427:1940_1920x0_80_0_0_61586e6c83c6e116ccafa52163dbf4a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, вокуниш, марз
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, вокуниш, марз
Вокуниши Туркия ба танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳамчунин Афғонистон ва Эрон низ ба қазияи марзӣ вокуниш карданд
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Як қатор кишварҳо дар робита ба муноқишаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марз изҳороти расмӣ доданд.
Вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлют Чавушоғлу ба даст овардани созишномаи сулҳ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ситоиш кард.
Вазири корҳои хориҷии Туркия ба омодагии Анқара "барои расонидани ёрии ҳамаҷониба дар ҳифзи сулҳ ва ба эътидол овардани муносибатҳо" байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ишора кард.
Эрон инчунин барои дастгирии кишварҳо розӣ шуд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода қайд кард, ки Эрон аз задухӯрдҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвари дӯст ва бародар нигарон аст.
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Эрон изҳори умедворӣ кард, ки амалкарди роҳбарияти ҷумҳуриҳо боиси ҳалли мусолиматомези ҳаргуна баҳсҳои марзӣ хоҳад шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, ки муноқишаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои бениҳоят зиёд дошта бошад.
"Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзи ду кишвари дӯст ва бародар нигарон аст. Афғонистон чунин мешуморад, ки идомаи танишҳо ва муноқишаҳои мусаллаҳона ҳам барои ин ду давлат ва ҳам ба суботи минтақавӣ манфиате надорад".
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд.
Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.