Сӯхтори дигар дар маркази шаҳри Душанбе - видео

© Sputnik / Амир ИсаевПожарная машина в Душанбе
Пожарная машина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Обуна шудан
Ин дуввумин сӯхтор дар ду рӯзи охир дар шаҳри Душанбе мебошад.
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар маркази шаҳри Душанбе сӯхтори дигаре рух дод, хабар медиҳанд шоҳидони ҳол.
Бино бар наворе, ки ахиран дар интернет паҳн шудааст, рӯзи 2 май дар маркази пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе боми тарабхонаи Payitaht, оташ гирифт.
Тарабхонаи Payitaht, дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ аст.
Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна аз боми тарабхона дуд мебарояд. Ҳамин тавр, қисмати даҳлези тарабхона ба коми оташ рафтааст.
Дар бораи сабаб ва талафоти молию ҷонӣ хабар дода нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодааст.
Последствия взрыва АЗС в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
"Алексей дар ҳолати вазнин аст": тафсилоти бештар аз таркишу сӯхтори Испечак
Ёдрас мешавем, ки ин дуввумин сӯхтор дар ду рӯзи охир дар шаҳри Душанбе мебошад.
Таркиш ва дар паи он сӯхтори бузурге, дирӯз, 1 май дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рух дод.
Бино ба манбонеъи Sputnik Тоҷикистон, дар ин сӯхтор дастикам 25 нафар ҷароҳат бардоштааст ва аҳволи яке аз беморон - Алексей Рязантсев, мудири 21 - солаи ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки 75% - и баданаш сӯхтааст, вазнин арзёбӣ мешавад.
Қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар пайи риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарии сӯхтор 1 майи соли равон, тахминан соати 18-30 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.
Пожар в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
КҲФ: ҷароҳати 26 мард ва 3 зан - ҳоли яке вазнин: тафсилоти нави сӯхтор дар Душанбе
Бино ба додаҳои ВКД, бар асари ҳодиса дар масоҳати 90 метри мураббаъ нуқтаи фурӯши сӯзишвориро бо миқдори зиёда аз 60 тонна захираи маводҳои сузишворӣ оташ фаро гирифта, 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтанд.
Айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар ниҳодҳои дахлдор таҳқиқи ҷои ҳодиса давом дорад.
Дар шарҳи КҲФ аз сӯхтори рӯзи 1 май дар бораи ҷароҳат бардоштани 29 тан хабар дода мешавад.
Таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Сӯхтори 60 тон сӯзишворӣ ва ҷароҳати 11 нафар: шарҳи расмии таркиш дар Душанбе – видео
Дар ҳамин ҳол, ин ки нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба кӣ тааллуқ дорад, то ба ҳол иттилои дақиқ нест. Қаблан он ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошт, ки роҳбараш ба зиндон рафт ва ширкат суқут кард.
Лентаи хабарҳо
0