Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Баъди Рамазон тӯй дошт: орзуҳое, ки командир Муҳаммадулло ба қабр бурд

© Саҳифаи "Гурӯҳи Конибодом" дар ФейсбукМуҳаммадулло, ҷавони кушташуда дар марз
Муҳаммадулло, ҷавони кушташуда дар марз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Обуна шудан
Ҷавон рӯзи 29 апрел дар пайи муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҷон фидо кард
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз сарнавишти як ҷавони дар марз кушташуда, Муҳаммадуллои 26-сола навиштаанд.
Ҷавон яке аз 16 нафаре мебошад, ки дар пайи даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрели соли равон кушта шуд.
Бино бар иттилои корбарон, Муҳаммадулло аз ноҳияи Муъминобод буд.
Ӯ дар дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интизоми намунавӣ ба ҳайси фармондеҳ (командир) адои вазифа мекард.
"Дар ин умри кӯтоҳи ҷавонӣ ӯ ҳоло ҳеҷ чизро надида буд, ҳатто ба орзӯҳои ҷавонии хеш нарасида буд. Бо духтаре нияти оиладоршавӣ доштааст ва падару модар барояш духтари нағздидаашро фотеҳа карда буданд", - менависанд онҳо ба ҳасрат.
Муҳаммадулло ният доштааст, ки баъди иди Рамазон туйи хонадоршавиашро барпо кунад.
Погибший солдат в столкновениях между Таджиками и Кыргызами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
28 - сола ва падари се фарзанд: афсаре, ки дар марзи Қирғизистон кушта шуд
Бояд зикр намоям, ки моҳе қабл Муҳаммадулло рутбаи ҳарбӣ гирифта будааст.
"Ӯ дар оилаи деҳқон ва ба нони ҳалол ба камол расида буд. Вале афсуси зиёд, ки дар роҳи дифоъ аз ин Меҳан аз ин сарзамин ҷони хешро қурбон кард", - афзудаанд корбарон.

Теъдоди кушташудаҳо дар марз

Мақомоти Тоҷикистон расман аз теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон ҳанӯз иттилое надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ ба ҳолати шоми 2 май аз кушта шудани ҳудуди 16 нафар хабар медиҳанд. Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад.
Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки ба ҳолати шоми 1 май теъдоди кушташудаҳо бар асари даргириҳои марзӣ ба 34 нафар ва маҷруҳон ҳудуди 140 нафар расид.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд.Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шӯрои амнияти Қирғизистон: ташдиди минбаъдаи низоъ дар марз ғайри қобили қабул аст
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Имрӯз, 2 май миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи марзӣ имзо шуд, ки тафсилоташро мақомот гуфтанд, дертар иттилоъ медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0