https://sputnik.tj/20210502/protokoli-marzie-ki-soati-sei-shab-imzo-shud--yatimov-va-toshiev-chi-kor-kardand-1039220171.html
Протоколи марзие, ки соати сеи шаб имзо шуд: Ятимов ва Тошиев чӣ кор карданд? - видео
Протоколи марзие, ки соати сеи шаб имзо шуд: Ятимов ва Тошиев чӣ кор карданд? - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ба санад роҳбарони КДАМ, аз Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва аз Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо гузоштанд
2021-05-02T12:02+0500
2021-05-02T12:02+0500
2021-05-02T12:27+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039220314_0:28:843:502_1920x0_80_0_0_3c32c2eef0cbeea0c8b875ecb0b142dc.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон протокол дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.Дар ин бора Sputnik Қирғизистон гузориш медиҳад. Бино бар иттилои манбаъ, гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Ятимов ва Тошиев то соати 03:00 -и шаби якум ба дуюми май идома кард. Санадро сарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раисони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов имзо карданд. Ҷузъиёти протокол то ҳол маълум нест. Шоми рӯзи гузашта ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дод, ки муайянкунии сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик оғоз хоҳад ёфт - гурӯҳҳои корӣ супориш гирифтанд, ки дар ояндаи наздик қисматҳои боқимондаи сарҳади давлатиро муайян кунанд.Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва ҚирғизистонВазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд.Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
https://sputnik.tj/20210502/qirghiz-firori-mardum-khistevarz-1039219591.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039220314_69:0:774:529_1920x0_80_0_0_c109a0d9c18f486fdc8ba37fabc6e708.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон марз протокол
тоҷикистон қирғизистон марз протокол
Протоколи марзие, ки соати сеи шаб имзо шуд: Ятимов ва Тошиев чӣ кор карданд? - видео
12:02 02.05.2021 (Навсозишуда: 12:27 02.05.2021) Ҷузъиёти протокол то ҳол маълум нест. Санадро сарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раисони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар Камчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов имзо карданд.
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон протокол дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Ятимов ва Тошиев то соати 03:00 -и шаби якум ба дуюми май идома кард.
Санадро сарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раисони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов имзо карданд.
Ҷузъиёти протокол то ҳол маълум нест.
Шоми рӯзи гузашта ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дод, ки муайянкунии сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик оғоз хоҳад ёфт - гурӯҳҳои корӣ супориш гирифтанд, ки дар ояндаи наздик қисматҳои боқимондаи сарҳади давлатиро муайян кунанд.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд.Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.