https://sputnik.tj/20210430/qohir-rasulzoda-hatsayrhoi-havoi-dushanbe-minsk-1039167142.html
Қоҳир Расулзода хостори ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск шуд
Қоҳир Расулзода хостори ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои Беларусаш масъалаи ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минскро баррасӣ кард
2021-04-30T09:45+0500
2021-04-30T09:45+0500
2021-04-30T09:45+0500
дар тоҷикистон
қоҳир расулзода
белорус
сарвазир
ҳамкорӣ
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032478620_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_1e627471bf8f75a99342a2b99f1ea958.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар идома сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористони Русия сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сарвазири Беларус Роман Головченко мулоқот кард.Дар мулоқот масъалаҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск баррасӣ шуд. Инчунин, тарафҳо масъалаи содироту воридоти маҳсулоти гуногуни ниёзи аввал ва дигар самтҳои ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор додпнд.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Сарвазири Тоҷикистон бо Сарвазир, раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин мулоқот намуд.Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, гумрук, сармоягузорӣ ва кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия дар соли гузашта 973,6 миллион долларро ташкил намуд.Ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва равнақ бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои афзалиятнок зарур шуморида шуд.
https://sputnik.tj/20210429/nigaroni-rasulzoda-sarmoyaguzorihori-rusiya-tojikiston--1039152201.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032478620_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_59ef5db502c9dea81ac7f772aa66dd42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қоҳир расулзода, минск, душанбе, тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ
қоҳир расулзода, минск, душанбе, тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ
Қоҳир Расулзода хостори ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои Беларусаш масъалаи ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минскро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар идома сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористони Русия сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сарвазири Беларус Роман Головченко мулоқот кард.
Дар мулоқот масъалаҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск баррасӣ шуд.
Инчунин, тарафҳо масъалаи содироту воридоти маҳсулоти гуногуни ниёзи аввал ва дигар самтҳои ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор додпнд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Сарвазири Тоҷикистон бо Сарвазир, раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин мулоқот намуд.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, гумрук, сармоягузорӣ ва кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия дар соли гузашта 973,6 миллион долларро ташкил намуд.
Ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва равнақ бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои афзалиятнок зарур шуморида шуд.