Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон рад кард: шаҳрвандон ягон раиси деҳи Қирғизистонро нарабуданд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкАвтомат Калашникова. Архивное фото
Автомат Калашникова. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро дар рабудани сардори як деҳа муттаҳам мекунад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раёсати умури дохилаи Бодканди Қирғизистон мегӯяд, техникаи низомии Тоҷикистон дар атрофи деҳаи Борбордуки минтақаи Лайлак ҳаракат доранд.
Бар хабари котиботи РВУД Қирғизистон, низомиёни Тоҷикистон манзили сокинони ин деҳкадаро ишғол намудаанд.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, раиси деҳаи Интернатсионалро рабуданд.
Дар робита ба ин ҳодиса, як манбаъ аз ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки иттиҳомоти ҷониби Қирғизистон асос надорад.
Низомиёни тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
"Оташбас риоя шуд, марз ором": Тоҷикистон хост, расонаҳои қирғиз иғво наангезанд
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, "низомиёни тоҷик, раиси деҳаи Борбордукро нарабуданд ва ин маълумот пурра дурӯғ аст".
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта миёни мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи оташбас ба тасвиб расид.
Вале субҳи имрӯз, дар ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара боз тирпарронӣ сурат гирифт.
Ба маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон аз як манбаъ дар ҷамоати Кулканд дастрас кард, созишномаи оташбас нахуст аз ҷониби Қирғизистон халалдор шуд.

"Тирпарронӣ соати 8 ба 9 аз ҷониби Қирғизистон сар шуд ва Тоҷикистон низ ҷавобан оташ кушод", - таъйид намуд манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, тирпаронӣ ҳудуди 25 дақиқа давом кард ва хушбахтона ҳеҷ кас аз ҳар ду ҷониб ҷароҳатдор нашуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.
Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0