Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Манбаъ: қирғизҳо боз бо ҷониби аскарҳои тоҷик тир парониданд

© Sputnik В районе границы между Таджикистаном и Кыргызстаном
В районе границы между Таджикистаном и Кыргызстаном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Обуна шудан
Дар ҳамин ҳол, низомиёни тоҷик тартиби оташбасро риоя мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 апрел - Sputnik. Як манбаи расмӣ аз ҷамоати деҳоти Кӯлканди Исфара овозаҳо дар бораи тир кушодани низомиёни тоҷик ба ҷониби Қирғизистонро қатъиян рад карда афзуд, баръакс ба ҷониби Тоҷикистон аз Қирғизистон оташ кушода шуд.
Бино бар иттилои манбаи Sputnik Тоҷикистон, аз ҷониби минтақаи Қизил Бели Қирғизистон ба ҷониби дидбонгоҳи "Гулистон"-и ҷамоати Кӯлканд, ҷониби марзбонону сарбозони тоҷик тир холӣ шуд.
"Ним соат шудааст, ки тирпарониро бас карданд. Онҳо ба ҷониби посбонгоҳ, ки дар он ҳудуди 200 аскари тоҷик қарор дорад, нигоҳ карда тир мекушоянд", - тавзеҳ медиҳад вай.
Ба гуфтаи манбаи Sputnik Тоҷикистон, дар ҳоле, ки тирпаронӣ аллакай чанд соат аст, ки аз ҷониби қирғизҳо идома дорад, марзбонони тоҷик тартиби оташбасро қатъиян риоя кардаанд.
"Низомиёни тоҷик тир холӣ накардаанд. Бачаҳои мо хело пуртоқат будаанд. Ба он нигоҳ накарда, ки тир холӣ мешавад, оташбасро риоя мекунанд", - таъкид кард вай.
Аз ҷониби Тоҷикистон ягон нақзи оташбас нашудааст, таъкид кард вай.
Ин дар ҳолест, ки пештар расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки марзбонони тоҷик ба ҷониби Қирғизистон иштибоҳан чанд тир холӣ карданд.
Низомиёни тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
"Оташбас риоя шуд, марз ором": Тоҷикистон хост, расонаҳои қирғиз иғво наангезанд
"Пас аз эълони оташбас аз ҷониби Тоҷикистон иштибоҳан ба минтақаи Қизил Бел чанд тир холӣ карда шуд", - навиштанд расонаҳои қирғизӣ дар истинод ба мақомоти маҳаллӣ.
Ёдрас мешавем, пештар шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.
Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0