https://sputnik.tj/20210430/nizomiyoni-tojik-bodkand-tark-suvanaliev-1039195819.html
Низомиёни тоҷик Бодкандро тарк карданд – Суваналиев
Низомиёни тоҷик Бодкандро тарк карданд – Суваналиев
Sputnik Тоҷикистон
Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон вилояти Бодкандро тарк карданд, гуфт роҳбари вилоят Омурбек Суваналиев. 30.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-30T22:04+0500
2021-04-30T22:04+0500
2021-04-30T22:50+0500
амният ва мудофиа
қирғизистон
осиёи марказӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039175184_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_8688ffbe46edb7539acb0cf264296cc3.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Омурбек Суваналиев мегӯяд, ҳамаи деҳаҳои Бодканд озод карда шуда, кормандони низомии Қирғизистон ин минтақаро санҷида истодаанд, то минагузорӣ нашуда бошад. Пас аз он, баъзе аз шаҳрвандони кӯчондашуда метавонанд ба манзилҳояшон баргарданд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли Суваналиев. Ӯ таъкид намудааст, ки мақомот вазъро таҳти назорат доранд, дар минтақа постгоҳҳо ташкил шудаанд. Ахиран Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон аз натиҷаи гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш изҳор доштааст, ки марзбонҳои тоҷик бояд қаламрави кишварашро тарк кунанду рӯзҳои наздик сарҳад аломатгузорию симхорбандӣ хоҳад шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид бо нашри изҳороти муштарак иктифо кардааст. Дар изҳорот омадааст, ки ҷонибҳо аз соати 13:00-и 30 апрел хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд. Инчунин қарор шудааст, ки 1 майи соли равон дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карда шавад.Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, тарафҳо муваззаф гардидаанд, ки техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд. Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд.Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид."Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд", - тавзеҳ додааст Солтонбекова.
https://sputnik.tj/20210430/toshiev-marzbonho-tojik-qalamrav-qirghiziston-tark-1039192738.html
https://sputnik.tj/20210430/nom-aks-tojikiston-halokshuda-qurboniyon-dargiri-marz-video-1039194056.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039175184_137:0:857:540_1920x0_80_0_0_e9c94388f1f35a81a54b75eca1a81a4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, қирғизистон, осиёи марказӣ, марз
амният ва мудофиа, қирғизистон, осиёи марказӣ, марз
Низомиёни тоҷик Бодкандро тарк карданд – Суваналиев
22:04 30.04.2021 (Навсозишуда: 22:50 30.04.2021) Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон вилояти Бодкандро тарк карданд, гуфт роҳбари вилоят Омурбек Суваналиев.
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Омурбек Суваналиев мегӯяд, ҳамаи деҳаҳои Бодканд озод карда шуда, кормандони низомии Қирғизистон ин минтақаро санҷида истодаанд, то минагузорӣ нашуда бошад.
Пас аз он, баъзе аз шаҳрвандони кӯчондашуда метавонанд ба манзилҳояшон баргарданд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли Суваналиев. Ӯ таъкид намудааст, ки мақомот вазъро таҳти назорат доранд, дар минтақа постгоҳҳо ташкил шудаанд.
Ахиран Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон аз натиҷаи гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш изҳор доштааст, ки марзбонҳои тоҷик бояд қаламрави кишварашро тарк кунанду рӯзҳои наздик сарҳад аломатгузорию симхорбандӣ хоҳад шуд.
Ҷониби Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид бо нашри изҳороти муштарак иктифо кардааст.
Дар изҳорот омадааст, ки ҷонибҳо аз соати 13:00-и 30 апрел хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд.
Инчунин қарор шудааст, ки 1 майи соли равон дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карда шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, тарафҳо муваззаф гардидаанд, ки техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид.
"Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд", - тавзеҳ додааст Солтонбекова.