https://sputnik.tj/20210430/mastchoh-hamoishho-shabi-guzashta-1039180278.html
Раиси ноҳияи Мастчоҳ ҳамоишҳои шаби гузаштаи гурӯҳи калони мардумро тавзеҳ дод
Раиси ноҳияи Мастчоҳ ҳамоишҳои шаби гузаштаи гурӯҳи калони мардумро тавзеҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Як гурӯҳи калони сокинон шаби гузашта ба кӯчаҳо баромаданд. Мақомот ин қазияро шарҳ доданд
2021-04-30T14:47+0500
2021-04-30T14:47+0500
2021-04-30T15:17+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
марз
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039179076_0:90:960:630_1920x0_80_0_0_bfcace85e642ac41bdb5e4278b051ffd.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши шаби гузаштаи сокинонро расман шарҳ дод. Шаби гузашта дар ноҳия як гурӯҳ сокинон дар пайи даргириҳои марзӣ ҷамъ омдаанд.Бино бар иттилои расонаҳои маҳаллӣ, шаби 29 апрел гуруҳи бузурге аз сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар маркази ноҳия ва Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон гирди ҳам омаданд.Онҳо ҳодисаи марзиро баррасӣ кардаву изҳори омодагӣ кардаанд, ки агар "мақомот иҷозат диҳанд, ба Исфара мераванд".Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода гуфтааст, ки "мардум ба хоҳиши худ ҷамъ омадаанд ва мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд".Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои корбарони Фейсбук, чунин ҳамоишҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла Кӯлоб ва Хуҷанд сурат гирифтаанд."Садҳо нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳри бостонии Хуҷанд бо амри дил баҳри ҳифзи Ватан-Модар дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии хешро изҳор медоранд", - навиштааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ҷонибдори ҳалли қазияи марзӣ бо роҳи осоишта ва сулҳомезанд.Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Қирғизистон низ бо нашри як изҳорот таъкид карда буд, ки ҳеч зарурати фиристодани ихтиёриён ба марз нест ва шаҳрвандон бояд дар ин масъала ба мақомот кишвар эътимод кунанд. Чунончи, пештар Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли қазия тариқи музокирот аст.Тоҷикистон пурра омодаи ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли қобили қабул тавассути музокирот буда, бо назардошти манфиатҳои миллии худ масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал мекунад. Ҳамзамон ӯ гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз заминҳое, ки аслан ва ба таври қонунӣ ба ӯ тааллуқ доштанд, даст нахоҳад кашид”, - таъкид доштааст Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев.Дар натиҷа роҳбарони вазоратҳои хориҷӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ иродаи қавии сиёсӣ зоҳир намудан зарур аст.Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронӣ муттаҳам мекунанд.
https://sputnik.tj/20210318/Muloqot-Saymumin-Yatimov-va-Kamchibek-Tashiev-1033020492.html
https://sputnik.tj/20210430/muhriddin-tojikiston-zaminho-dast-nahohad-kashid-1039168842.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039179076_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_840632b865de44d139095d678e235a82.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мастчоҳ марз
Раиси ноҳияи Мастчоҳ ҳамоишҳои шаби гузаштаи гурӯҳи калони мардумро тавзеҳ дод
14:47 30.04.2021 (Навсозишуда: 15:17 30.04.2021) Ҳукумати ноҳияи Масчоҳ қазияи ҳамоиши сокинонро, ки шаби гузашта сурат гирифтааст, тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши шаби гузаштаи сокинонро расман шарҳ дод.
Шаби гузашта дар ноҳия як гурӯҳ сокинон дар пайи даргириҳои марзӣ ҷамъ омдаанд.
Бино бар иттилои расонаҳои маҳаллӣ, шаби 29 апрел гуруҳи бузурге аз сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар маркази ноҳия ва Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон гирди ҳам омаданд.
Онҳо ҳодисаи марзиро баррасӣ кардаву изҳори омодагӣ кардаанд, ки агар "мақомот иҷозат диҳанд, ба Исфара мераванд".
Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода гуфтааст, ки "мардум ба хоҳиши худ ҷамъ омадаанд ва мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд".
"Онҳо интизори як ишора ҳастанд, бовар кунед фақат як ишора кофист, ки ҳамаи ин мардум ба марз равад ва ба ивази ҷонаш ҳар зарраи хоки ватанро ҳимоя кунад. Вале мо ҷонибдори сулҳ ва оромием", - таъкид кардааст вай.
Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои корбарони Фейсбук, чунин ҳамоишҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла Кӯлоб ва Хуҷанд сурат гирифтаанд.
"Садҳо нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳри бостонии Хуҷанд бо амри дил баҳри ҳифзи Ватан-Модар дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии хешро изҳор медоранд", - навиштааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ҷонибдори ҳалли қазияи марзӣ бо роҳи осоишта ва сулҳомезанд.
Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Қирғизистон низ бо нашри як изҳорот таъкид карда буд, ки ҳеч зарурати фиристодани ихтиёриён ба марз нест ва шаҳрвандон бояд дар ин масъала ба мақомот кишвар эътимод кунанд.
Чунончи, пештар Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли қазия тариқи музокирот аст.
Тоҷикистон пурра омодаи ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли қобили қабул тавассути музокирот буда, бо назардошти манфиатҳои миллии худ масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал мекунад. Ҳамзамон ӯ гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз заминҳое, ки аслан ва ба таври қонунӣ ба ӯ тааллуқ доштанд, даст нахоҳад кашид”, - таъкид доштааст Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев.
Дар натиҷа роҳбарони вазоратҳои хориҷӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ иродаи қавии сиёсӣ зоҳир намудан зарур аст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.
Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронӣ муттаҳам мекунанд.