"Истиқлол" тими дигари номдори арабро шикаст дод

© FC Istiklol DushanbeФутбольный матч, душанбинский "Истиклол" против турсунзадевского "Регар-ТадАЗом"
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Тими “Истиқлол” - и шаҳри Душанбе, дар мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Осиё тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Амороти Муттаҳидаи Арабиро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тими "Истиқлол" - и Душанбе бо ҳисоби 1:0 бар тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ” - Дубай пирӯз гашт.
Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими “Истиқлол” - и Душанбе, дар арафаи бозӣ бо тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ изҳор дошта буд, ки барои се хол дар ин сабқат талош хоҳанд. Феълан "Истиқлол" бо 10 хол дар садри гуруҳи А қарор дорад.
Эргашев гуфт, марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC ба даври ниҳоӣ расидаасту тимҳо тамоми нерӯяшонро барои пирӯзӣ хоҳанд дод.
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии “Истиқлол” хотиррасон кард, ки тимҳо бояд бозиҳои охирро анҷом диҳанд, ки аз натиҷаашон баромад ба марҳилаи баъдӣ муайян хоҳад шуд.
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Барканории сармураббии "Ал-Ҳилол" баъди шикаст аз "Истиқлол"
“Дақиқан бозӣ бо “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” мушкил хоҳад буд. Ин тим рақиби ҷиддӣ аст ва тамоми нерӯро барои пирӯзӣ медиҳад. Мо ҳам нақшаҳое барои ин бозӣ дорем ва умедворем, онҳоро амалӣ хоҳем кард. Мебинем, ки дар майдон чӣ рух медиҳад, бидуни шак мо барои се хол мубориза хоҳем бурд”, - изҳор дошта буд Эргашев қабл аз бозӣ.
Қаблан тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дастаи "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ, қаҳрамони пешинаи Конфедератсияи футболи Осиёро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Ҳисоби бозиро нахуст Бафетимби Гомис аз дасти ҳариф дар дақиқаи 24-ум кушод.
Аммо тими "Истиқлол" дар бозии пешин аз “Ал-Ҳилол” шикаст хӯрда буд, дар бозии дуюм намехост дубора он ҳолат такрор шавад ва ҳаминтавр давоми 14 дақиқа дар ду давр чор гол вориди дарвозаи арабҳо кард.
Лентаи хабарҳо
0