https://sputnik.tj/20210428/barkanori-mahmadamin-bozichaevich-javoni-donandai-zabon-1039103926.html
Барканории Маҳмадамин Бозичаевич: ҷавони донандаи 5 забон ҷойгузинаш шуд - акс
Барканории Маҳмадамин Бозичаевич: ҷавони донандаи 5 забон ҷойгузинаш шуд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон намояндаи нави доимии ҷумҳуриро дар Созмони милали муттаҳид таъйин намуд
2021-04-28T01:31+0500
2021-04-28T01:31+0500
2021-04-28T13:57+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
фармон
президент
тағйироти кадрӣ
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102775/53/1027755357_0:0:1335:750_1920x0_80_0_0_466690445afbc16fa39f242c3bdbcc0d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевичро аз вазифаи намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар Созмони Милали Муттаҳид озод карда, ба ҷояш Ҳикмат Ҷонибек Исмоилро таъйин намуд. Бар асоси саҳифаи Ҷонибек Ҳикмат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯ соли 2000-ум мактаби байналмилалӣ ва соли 2005 ба ҳайси бакалавр Донишгоҳи шарқии баҳримиёназаминӣ - Eastern Mediterranean University дар шаҳри Фамагусти Кипри шимолиро хатм кардааст.Унвони магистриро соли 2013 дар Cardiff Metropolitan University, донишгоҳе дар шаҳри Кардифи Уелс гирифтааст. Ӯ қаблан дар намояндагии Тоҷикистон дар ИМА кор карда, то таъйинот ба мақоми нав ҷои кораш Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Ҷонибек Ҳикмат дар саҳифаи шахсияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро донандаи забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ муаррифӣ намудааст. Дар ҳамин ҳол феълан маълум нест, ки Маҳмадамин Маҳмадаминов баъди барканорӣ чӣ вазифаи нав мегирад. Дар фармони барканорияш сабаб – гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст. Маҳмадамин Маҳмадаминов, ки 22 апрел 60-сола шуд, қаблан дар лоиҳаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон, сипас дар “Ориёнбонк” ва баъдан ба ҳайси раиси “Амонатбонк” - у Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ аввали соли 2014 аз мақоми вазирӣ барканор гардида, ба ҷойи Сироҷиддин Аслов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъйин гардид. Аслов баъди намояндагӣ дар СММ вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъйин гардида буд. Маҳмадаминовро кадом мақом интизор аст, феълан маълум нест.
https://sputnik.tj/20210427/prezident-tarjumon-mansabi-tayin-1039091137.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102775/53/1027755357_73:0:1260:890_1920x0_80_0_0_e5710930a0f47ce1976d5de92f604034.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйин, намоянда, смм, ҷойгузин
таъйин, намоянда, смм, ҷойгузин
Барканории Маҳмадамин Бозичаевич: ҷавони донандаи 5 забон ҷойгузинаш шуд - акс
01:31 28.04.2021 (Навсозишуда: 13:57 28.04.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон намояндаи нави доимии ҷумҳуриро дар Созмони Милали Муттаҳид таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 28 апр— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевичро аз вазифаи намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар Созмони Милали Муттаҳид озод карда, ба ҷояш Ҳикмат Ҷонибек Исмоилро таъйин намуд.
Бар асоси саҳифаи Ҷонибек Ҳикмат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯ соли 2000-ум мактаби байналмилалӣ ва соли 2005 ба ҳайси бакалавр Донишгоҳи шарқии баҳримиёназаминӣ - Eastern Mediterranean University дар шаҳри Фамагусти Кипри шимолиро хатм кардааст.
Унвони магистриро соли 2013 дар Cardiff Metropolitan University, донишгоҳе дар шаҳри Кардифи Уелс гирифтааст.
Ӯ қаблан дар намояндагии Тоҷикистон дар ИМА кор карда, то таъйинот ба мақоми нав ҷои кораш Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Ҷонибек Ҳикмат дар саҳифаи шахсияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро донандаи забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ муаррифӣ намудааст.
Дар ҳамин ҳол феълан маълум нест, ки Маҳмадамин Маҳмадаминов баъди барканорӣ чӣ вазифаи нав мегирад. Дар фармони барканорияш сабаб – гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.
Маҳмадамин Маҳмадаминов, ки 22 апрел 60-сола шуд, қаблан дар лоиҳаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон, сипас дар “Ориёнбонк” ва баъдан ба ҳайси раиси “Амонатбонк” - у Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ аввали соли 2014 аз мақоми вазирӣ барканор гардида, ба ҷойи Сироҷиддин Аслов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъйин гардид.
Аслов баъди намояндагӣ дар СММ вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъйин гардида буд. Маҳмадаминовро кадом мақом интизор аст, феълан маълум нест.