Тоҷикистон мехоҳад ба технологияҳои муосири ширкати “Rieter” дастрасӣ пайдо намояд

© Sputnik / Стас ЭтвешНа фабрике по производству тканей, архивное фото
На фабрике по производству тканей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Намояндагон ширкати “Rieter”, ки дар ҷаҳон яке аз истеҳсолкунандаи бузурги дастгоҳҳои ресандагӣ мебошанд, вориди Тоҷикистон шуданд
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати швейтсариягии “Rieter” дидору гуфтугӯ карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати саноат, мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахта бо ширкати мазкур, роҳҳои дастрас намудани технологияҳои муосири коркарди нахи пахта ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт маҳсуб меёбад.
“Дар вохӯрӣ роҳбарон ва намояндагони як қатор корхонаҳои пахтатозакунӣ, ресандагӣ ва истеҳсоли ҷӯроб иштирок намуда, мубодилаи маълумоти дахлдор сурат гирифт”, - зикр кардааст манбаъ.
Космонавт Владимир Джанибеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2017
Ҷонибеков дар бораи таҷрибаи беназири парвариши пахта дар кайҳон нақл кард
Қайд шудааст, ки дар ин боздид намояндагони Ширкати “Rieter” аз як қатор корхонаҳои кишвар шиносоӣ пайдо хоҳанд кард.
Ширкати “Rieter” дар ҷаҳон яке аз истеҳсолкунандаи бузурги дастгоҳҳои ресандагӣ бо маҷмӯи қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои ёрирасон ба шумор рафта, дорои 15 корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишварҳои гуногуни олам мебошад, ки дар он ҷо наздики 5000 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0