Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Таъйиноти нави ноиби аввали Рустами Эмомалӣ: кори Хуршед Мирзо дар ду мақом

© акс аз сомонаи ФФТМирзо Хуршед Файзуллозодаро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон
Мирзо Хуршед Файзуллозодаро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Хуршед Мирзо, ноиби аввали 37-солаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мақоми нав гирифт
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат Мирзо Хуршед Файзуллозодаро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъйин намуд.
Хуршед Мирзо дар баробари кораш дар мақоми ноиби аввали Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ инчунин дар мақоми мудири кулли корхонаи давлатии “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ кор мекард. То таъйинаш ба ин мақом ӯ дар вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” фаъолият дошт.
Шермуҳаммад Раҷабзода, тарҷумони Президент, сардори Хадамоти ташрифоти Президент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Мансаби нави тарҷумон ва "дасти рост" - и Президент: амри Раҳмон
Дар баробарои Хуршед Мирзо инчунин Зуҳурзода Саид Холаҳмад муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъйин гардид.
Аҳмадзода Орзу Ҳусейн бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Шерализода Шараф Аҳмадҷон низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси ин Кумита озод карда шуданд. Шерализода мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0