Нархи парвозҳои чартерӣ собит шуд: аз 3 то 8,5 ҳазор сомонӣ

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкСпоттинг в аэропорту Внуково
Споттинг в аэропорту Внуково  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Ширкатҳо ҳуқуқ надоранд, ки чиптаҳоро аз ин нишондод болотар ба фурӯш гузоранд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ширкатҳо русӣ нархномаи худро ба Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд
Икром Субҳонзода, директори Агентии мазкур, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чор ширкати ҳавонавардӣ - “Уралские авиалинии”, “Ютэйр”, “Сибир” ва “Северний ветер”, ки ҳамарӯза ба шаҳрҳои мухталифи Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, нархномаи худро пешниҳод кардаанд.
“Бино ба асноде, ки онҳо пешниҳод кардаанд, нархи як чипта аз 3 то 8, 5 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, нархи миёнаи арзиши чипта барои парвоз ба самти Русия 6 – 6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нархҳо аз дуриву наздикии манотиқе вобаста аст, ки ба онҳо парвоз анҷом дода мешавад. Ширкатҳо ҳуқуқ надоранд, ки чиптаро аз ин зиёд бифрӯшанд”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Самолет Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" барои парвоз ба Кӯлоб иҷозат гирифт
22 апрел дар пайи интиқоду сарусадоҳо дар бораи ба нархҳои “осмонӣ” фурӯхта шудани чиптаҳои самти Русия аз сӯи чаҳор ширкати русӣ - “Уралские авиалинии”, “Ютэйр”, “Сибир” ва “Северний ветер” – Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистонро ба ҷаласа хонда, аз онҳо тақозо кард, ки нархҳои худро танзим кунанд.
Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, он шабу рӯз қимати як чипта дар чиптафурӯшиҳои ин ширкатҳо то 10 ва дар “бозори сиёҳ” ё тариқи миёнаравҳо то 12 – 13 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешуд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар ин бобат, ки ширкатҳо нархҳои худро муайян кардаанд, ба ҳукумати Тоҷикистон ва чаҳор мақомоти қудратӣ – прокуратураи нақлиёт, вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии мубориза бо коррупсия бо замима кардани нархномаҳо мактуб фиристода шуд.
“Аз сохторҳои қудратӣ хоҳиш намудем, ки барои беасос баланд фурӯхтани нархи чипта ва зиёд нафурӯхтан аз он нархномае, ки худи ширкатҳо муайян кардаанд, чораандешӣ карда шавад”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Оғози парвози нав аз Хуҷанд рост ба Владивосток
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳоло ҳамарӯза 8 то 10 парвози чартерӣ ба шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Сочи, Екатеринбург, Новосибирск, Самара, Красноярск, Краснодар ва ғайра, парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.
Дар умум ба ҳисоби миёна айни замон аз чаҳор фурудгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар - ҳамарӯза наздики 2 – 2,5 ҳазор мусофир бидуни мамониат аз ин парвозҳо истифода бурда, ба Русия мераванд.
Лентаи хабарҳо
0