https://sputnik.tj/20210427/mahsi-reebok-tamgha-reebok-hujand-rusiya-1039085750.html
Маҳсиҳо бо тамғаи Reebok аз Хуҷандро нагузоштанд, вориди Русия шаванд
Маҳсиҳо бо тамғаи Reebok аз Хуҷандро нагузоштанд, вориди Русия шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони постгоҳи гумрукии Сургут ҳангоми назорати гумрукии мусофирони ҳавопаймои масири байналмилалӣ аз шаҳри Хуҷанд 79 ҷуфт пойафзоли миллии Маҳсиро ошкор кардаанд
2021-04-27T16:06+0500
2021-04-27T16:06+0500
2021-04-27T17:03+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
гумрук
боздошт
қочоқ
сургут
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039067074_356:0:2745:1344_1920x0_80_0_0_e1b302bc0b9ce538a11727f735d93349.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти гумруки минтақаи Тюмен, вазни маҳсиҳо қариб 15 килоро ташкил дода, онҳо бидуни расмиёти гумрукӣ ворид карда шудаанд. . Сокини Тоҷикистон борро аз ватан бо бағоҷаш оварда, ҳеч санади гумуркиеро дар ин бора пур накардааст. “Бо назардошти миқдор ва навъҳои гуногуни маҳсиҳои аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ интиқолёфта, кормандони гумрук ба хулоса омадаанд, ки ин пойафзолҳо на барои истифодаи шахсӣ ворид карда шудаанд”, - шарҳ дод сардори пости гумрукии Сургут Игор Галузин. Галузин таъкид намуд, ки барои ворид кардани ин қадар бастаи мол, ки тиҷоратӣ дониста мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон бояд декларатсияро барои мол пешниҳод мекард. Таъкид шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистонро инчунин зарур буд боҷи гумрукӣ пардохт кунад аммо мусофир инро рад кардаастБа иттилои манбаъ, инчунин, дар 78 ҷуфт маҳсӣ кормандони гумрук тамғаи тақаллубии Reebok пайдо кардаанд, ки хилофи қонун мебошад. Таъкид шудааст, ки алайҳи мусофир инчунин ба далели истифодаи ғайриқонунии тамғаи молии шахси дигар ва пур накардани декларатсия парвандаҳои маъмурӣ ифтитоҳ шудаанд. Зикр шудааст, ки дар бархе аз сомонаҳои тиҷории Сургут маҳсиҳо бо нархи 900 рубл ба фурӯш гузошта шудаанд.
https://sputnik.tj/20200212/Khadamoti-gumruk-mahsuloti-pastsifat-Tajikistan-kochok-meshavad--1030702953.html
сургут
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039067074_654:0:2446:1344_1920x0_80_0_0_7d9ee4a1dde772c3eecd845a819feb61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳсӣ, вуруд, маъмурӣ, боздошт
маҳсӣ, вуруд, маъмурӣ, боздошт
Маҳсиҳо бо тамғаи Reebok аз Хуҷандро нагузоштанд, вориди Русия шаванд
16:06 27.04.2021 (Навсозишуда: 17:03 27.04.2021) Кормандони постгоҳи гумрукии Сургут ҳангоми назорати бағоҷи мусофирони ҳавопаймо аз шаҳри Хуҷанд 79 ҷуфт пойафзоли миллии маҳсиро ошкор кардаанд, ки бидуни риояи расмиёт интиқол дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти гумруки минтақаи Тюмен, вазни маҳсиҳо қариб 15 килоро ташкил дода, онҳо бидуни расмиёти гумрукӣ ворид карда шудаанд. .
Сокини Тоҷикистон борро аз ватан бо бағоҷаш оварда, ҳеч санади гумуркиеро дар ин бора пур накардааст.
“Бо назардошти миқдор ва навъҳои гуногуни маҳсиҳои аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ интиқолёфта, кормандони гумрук ба хулоса омадаанд, ки ин пойафзолҳо на барои истифодаи шахсӣ ворид карда шудаанд”, - шарҳ дод сардори пости гумрукии Сургут Игор Галузин.
Галузин таъкид намуд, ки барои ворид кардани ин қадар бастаи мол, ки тиҷоратӣ дониста мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон бояд декларатсияро барои мол пешниҳод мекард. Таъкид шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистонро инчунин зарур буд боҷи гумрукӣ пардохт кунад аммо мусофир инро рад кардааст
Ба иттилои манбаъ, инчунин, дар 78 ҷуфт маҳсӣ кормандони гумрук тамғаи тақаллубии Reebok пайдо кардаанд, ки хилофи қонун мебошад.
Таъкид шудааст, ки алайҳи мусофир инчунин ба далели истифодаи ғайриқонунии тамғаи молии шахси дигар ва пур накардани декларатсия парвандаҳои маъмурӣ ифтитоҳ шудаанд.
Зикр шудааст, ки дар бархе аз сомонаҳои тиҷории Сургут маҳсиҳо бо нархи 900 рубл ба фурӯш гузошта шудаанд.