https://sputnik.tj/20210427/jinoyatkor-ehtimoli-rusiya-paygard-tojikiston-bozdosht-1039091363.html
Ҷинояткори эҳтимолӣ, ки дар Русия мавриди пайгард буд, дар Тоҷикистон боздошт шуд
Ҷинояткори эҳтимолӣ, ки дар Русия мавриди пайгард буд, дар Тоҷикистон боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён сокини 31-солаи ноҳияи Кӯшониёни Тоҷикистон, ки дар Русия мавриди пайгард қарор дошт, боздошт намуданд
2021-04-27T19:25+0500
2021-04-27T19:25+0500
2021-07-07T18:39+0500
дар тоҷикистон
ҷинояткор
боздошт
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102154/65/1021546593_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_a5313f9fed8709c179505b9c0b9eb413.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ акормандони милитсия, шахси дар кофтуков буда Мирзоев Давлатшоҳ, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати деҳоти Заргарро боздошт карданд. ВКД таъкид доштааст, ки Мирзоев Давлатшоҳ ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, барои содир намудани ҷинояти касдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шаҳрванди Тоҷикистон айбдор дониста шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карда шуд. Гуфта мешавад Мирзоев Давлатшоҳ ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия 1 феврали соли 2016 бо ҳамдеҳааш Одилҷон Ҳакимов муноқиша карда, ӯро бо корд ду маротиба зада аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.Дар ҳоли ҳозир, нисбат ба Давлатшоҳ Мирзоев мутобиқи моддаи 110, қ.1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ мавриди пайгард эълон шуд.Таъкид шудааст, ки дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ ҷазои аз 8 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
https://sputnik.tj/20190821/rusiya-sharvand-toik-paygard-tojikiston-istirdod-kard-1029690779.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102154/65/1021546593_180:0:1620:1080_1920x0_80_0_0_de4a79039155a633a47884ae7f2e1375.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯшониён, милитсия, боздошт, русия, пайгард
тоҷикистон, кӯшониён, милитсия, боздошт, русия, пайгард
Ҷинояткори эҳтимолӣ, ки дар Русия мавриди пайгард буд, дар Тоҷикистон боздошт шуд
19:25 27.04.2021 (Навсозишуда: 18:39 07.07.2021) Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён сокини 31-солаи ин минтақаро, ки дар Русия мавриди пайгард қарор дошт, боздошт намуданд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ акормандони милитсия, шахси дар кофтуков буда Мирзоев Давлатшоҳ, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати деҳоти Заргарро боздошт карданд.
ВКД таъкид доштааст, ки Мирзоев Давлатшоҳ ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, барои содир намудани ҷинояти касдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шаҳрванди Тоҷикистон айбдор дониста шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад Мирзоев Давлатшоҳ ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия 1 феврали соли 2016 бо ҳамдеҳааш Одилҷон Ҳакимов муноқиша карда, ӯро бо корд ду маротиба зада аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Дар ҳоли ҳозир, нисбат ба Давлатшоҳ Мирзоев мутобиқи моддаи 110, қ.1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ мавриди пайгард эълон шуд.
Таъкид шудааст, ки дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ ҷазои аз 8 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.