https://sputnik.tj/20210427/hukm-zindon-mard-hamsar-kusht-1039082471.html
28 сол ҳукми зиндони марде, ки собиқ ҳамсарашро ба сайру гашт бурду кушт
28 сол ҳукми зиндони марде, ки собиқ ҳамсарашро ба сайру гашт бурду кушт
Sputnik Тоҷикистон
Коллегияи парвандаҳои ҷиноии Суди Олии Тоҷикистон нисбати шаҳрванд А.Г.Зоиров бо иттиҳоми куштор ва ғоратгарӣ ҳукм содир кард.
2021-04-27T14:42+0500
2021-04-27T14:42+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
суд
зиндон
ҳукм
прокуратура
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муқаррар карда шуд, ки А.Зоиров қаблан бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тотористон се маротиба ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 12 декабри соли 2020 сар зада, мард бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ва ба даст овардани молу мулк собиқ ҳамсараш чунин кор кардааст.Манбаъ мегӯяд, А.Зоиров ҳамсари собиқаш Қурбонзода Т.Б.-ро бо роҳи фиреб, гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои қисмати шарқии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ бурда, ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, охиронро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст, ки дар натиҷа Қурбонзода Т.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, имконияти муқобилият намуданро аз даст додааст. Сипас, Зоиров А.Г. аз ҳамёни Қурбонзода Т.Б. маблағи 5010 сомонӣ, аз дасташ ангуштарини тиллой бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилиашро бо арзиши 150 сомонӣ тасарруф намуда, ҷасади номбурдаро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Гуфта мешавад, бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 16 апрели соли 2021 Зоиров А.Г. бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “и” ва 249 кисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ- маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол таъйин карда шуд.
https://sputnik.tj/20210402/bozdosht-mard-hamsar-molu-mulk-otash-1033123290.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
додгоҳ, ҳукм, зиндон, мард, қатл, ҳамсар
додгоҳ, ҳукм, зиндон, мард, қатл, ҳамсар
28 сол ҳукми зиндони марде, ки собиқ ҳамсарашро ба сайру гашт бурду кушт
14:42 27.04.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Коллегияи парвандаҳои ҷиноии Суди Олии Тоҷикистон нисбати шаҳрванд А.Г.Зоиров бо иттиҳоми куштор ва ғоратгарӣ ҳукм содир кард.
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муқаррар карда шуд, ки А.Зоиров қаблан бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тотористон се маротиба ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 12 декабри соли 2020 сар зада, мард бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ва ба даст овардани молу мулк собиқ ҳамсараш чунин кор кардааст.
Манбаъ мегӯяд, А.Зоиров ҳамсари собиқаш Қурбонзода Т.Б.-ро бо роҳи фиреб, гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои қисмати шарқии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ бурда, ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, охиронро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст, ки дар натиҷа Қурбонзода Т.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, имконияти муқобилият намуданро аз даст додааст.
"Зоиров А.Г. аз ин фурсат истифода намуда, бо дастонаш якчанд зарба ба сару рӯи Қурбонзода Т.Б. зада, баъдан бо руймоли дар сараш буда охиронро буғӣ ва аз ҳаёт маҳрум намудааст",- афзудааст манбаъ.
Сипас, Зоиров А.Г. аз ҳамёни Қурбонзода Т.Б. маблағи 5010 сомонӣ, аз дасташ ангуштарини тиллой бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилиашро бо арзиши 150 сомонӣ тасарруф намуда, ҷасади номбурдаро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Гуфта мешавад, бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 16 апрели соли 2021 Зоиров А.Г. бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “и” ва 249 кисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ- маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол таъйин карда шуд.